Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Шарҳи Песков дар бораи эътирофи Толибон* аз ҷониби Русия

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗаместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Обуна шудан
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков даъват шудани Русия ба мароисим эълони ҳукумати нави Толибонро* шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Русия то ҳол дар бораи эътирофи Толибон* ягон қарор қабул накардааст, гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.
Ба қавли ӯ, бояд фаҳмид, ки то чӣ андоза ваъдаҳои Толибон* дар амал татбиқ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Толибон* ба Туркия, Чин, Русия, Эрон, Покистон ва Қатар даъватнома фиристоданд, то дар маросим эълони ҳайати ҳукумат ширкат кунанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Al-Jazeera бо такя ба манбаи худ хабар дод.

"Ҳоло дар бораи эътирофи Толибон* ягон қарор қабул нашудааст", - гуфт Дмитрий Песков.

Ба гуфти Песков аавал бояд дарк кард, ки низоми идоракунии онҳо чӣ гуна хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия гуфт, ба кишварҳои ҷаҳон тавсия медиҳад, ки барои шинохти расмияти Толибон* дар Афғонистон шитоб накунанд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Шарти Русия барои эътирофи ҳукумати Толибон*
Ба гуфти ӯ, ҳукумати нави Афғонистон бояд фарогир бошад ва занону намояндагони ақаллиятҳои қавмӣ дар он вазифаҳои вазириро соҳиб шаванд.
Ёдрас мешавем, ки вазъият дар Афғонистон моҳи июн дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни Толибон* Кобулро забт карданд ва қасри президентро иҳота намуданд.
Сафир Ағбар: пирӯзиҳои "Толибон" аз хизматҳои Амрикост
Пас аз ин дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки ба он вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ мекард.
Вазири Туркия гуфт, дар эътирофи ҳукумати Толибон* шитоб намекунанд
Ашраф Ғанӣ ҷумҳуриро тарк кард.
Феълан Панҷшер, дар шимолу шарқи Кобул, ягона вилоятест, ки берун аз назорати Толибон* аст.
* - ташкилоти террористӣ, фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0