“Бархезед”: Аҳмади Масъуд мардуми Афғонистонро ба қиёми мардумӣ даъват кард - садо

© AFP 2023 / JOEL SAGETАхмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Обуна шудан
Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, аз мардуми кишвари худ хост, ки аз дохилу хориҷ қиёми умумимиллиро алайҳи режими “Толибон*” оғоз кунанд
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Бино ба як паёми савтие, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат гуфтааст, “Толибон*” собит сохтанд, ки ба шариат, Қуръон ва файсалаи уламои саротосари Афғонистон боваре надоранд.
Ӯ бо ишора ба қарори Шӯрои уламои Афғонистон, ки ҷанги “Толибон*” алайҳи Ҷунбиши муқовиматро ҳаром хонд, гуфт, бар хилофи ин қарор “Толибон*” ҳамлаҳои худро файсала болои мардуми Панҷшер шуруъ карданд, ки боиси кушта шудани теъдоди зиёде аз ҳамватанони мо, аз ҷумла бахше аз хонаводаи ӯ шуд.
“Мо на танҳо бо ин шуҳадо ҷигархуну заиф нестем, балки аз дербоз хонаводаи ман мисли тамоми хонаводаҳои дигар ба хотири иззат, дин, Худо ва Афғонистон мубориза кардем ва шаҳид додем”, - гуфт Аҳмади Масъуд.
Вай ба таҳлили вазъи Афғонистон пардохта, мегӯяд, иттифоқоте, ки рафта равон аст, тасвири кӯчаке аз Афғонистон мебошад ва ояндае, ки бегонаҳо ба кӯмаки ин афродашон, намояндаҳо ва муздуронашон мехоҳанд дар Афғонистон пиёда бикунанд.
“Ин ҳамон тасвирест, ки Афғонистон як кишвари ақибмонда бошад, торик, ба дур аз ҳар гуна фарҳангу ҳунар, иттиҳоду иттифоқ ва ҳамчунин Афғонистоне, ки дар як инзивои сиёсӣ – иқтисодӣ тавассути дунё қарор дошта бошад ва ба инзиво биравад. Ва на касе ба мо кор дошта бошад ва на дигар Афғонистон як сиёсат, барномаи мустақили марбути худро дошта бошад”, - гуфт раҳбари Ҷабҳаи муқовимат.
Ӯ ҳаводиси ба ҳодисаҳои ахири Панҷшер ишора кард, ки бино ба манобеъи Муқовимат, “Толибон*” ва гуруҳҳои террористии байнулмилалӣ бо кӯмаки тайёраҳои бесарнишин ва ҷангандаи Покистон дараи Панҷшерро бамборон карда, маркази маъмурии вилоятро ишғол намуданд.

Даъват ба қиём

Аҳмади Масъуд ба кишвари мушаххасе ишора накарда, гуфт, ҳамлаи дирӯз ба возеҳ нишон дод, ки нерӯҳои бегона аз дербоз дар Афғонистон қарор доштанд, ҳанӯз ҳузур доранд ва имрӯз паёми мушаххасе ба мардуми Афғонистон медиҳад. Вай аз ҳамватанони худ даъват кард, дар ҳар гӯшае, ки ҳастанд, чӣ дар берун ва чӣ дар дохил, фарохон медиҳад, ки қиёми умумиро ба хотири иззат, озодӣ ва сарбаландии ватанамон оғоз кунанд.
“Ҳар касе, ба ҳар шакле, ки метавонад, истод шавад ва фарёду ҳайҳот миназзилларо баланд бикунад. Мо дар канори ҳаммеҳанони худ ба чӣ шакле, касоне, ки муқовиматгар ҳастанд ва то имрӯз ҳамин лаҳзае, ки суҳбат мекунам, дар дара – дараи ҷуғрофиёи Ҳиндукуш – Панҷшеру Андароб ҳанӯз ҳузур доранд ва ҳанӯз муқовимат доранд. Ва чӣ мисли хоҳарони боиззати мо, ки дар Ҳироту Кобул садои фарёду додхоҳии худро баланд карданд ва чӣ мисли ҳамватанони мо, ки дар берун бо тазоҳурот садои барҳаққи мардуми мо дар берун шуданд”, - гуфт раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Вазъи Панҷшер: суқут, идомаи муқовимат ва куштори панҷшериҳо
Вай дар идомаи суханонаш аз мардуми Афғонистон хоҳиши кард, ки ҳар бародару хоҳари мо, дар ҳар гӯшаи ин ватан, ки ҳаст, ба ҳар шакле, ки ҳаст, ба хотири наҷоти ватан аз он тасвире, ки пештар гуфта шуд, ба по хезад, истод шавад, қиём ва муқовимат бикунад.
“Касоне, ки ба шакли муборизаи мусаллаҳона метавонанд, мо дар канорашон ҳузур дорем. Касоне, ки тазоҳурот мекунанд, мо дар канорашон меистем ва аз онҳо ҳимоят мекунем. Ва ба хотири наҷоти ватан то охирин лаҳза дар канорашон ҳузур медошта бошем”, - гуфт ӯ.
Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал алайҳи “Толибон*” дар солҳои 1996 – 2001 аст. Ӯ амалан ҷабҳаи муқовимати миллии дуввумро пас аз суқути Кобул дар санаи 15 августи соли равон эълон ва раҳбарии онро ба зимма дорад.
Нерӯҳои Ҷабҳа ҳоло дар вилояти Панҷшер бо “Толибон*” дар ҳолати ҷанганд. Панҷшер танҳо вилоятест, ки ба пуррагӣ аз сӯи “Толибон*” ишғол нашудааст.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0