https://sputnik.tj/20210906/noib-prezident-afghoniston-soleh-tojikiston-firor-1042073389.html
Расонаҳо: Амрулло Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кард
Расонаҳо: Амрулло Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷойи дақиқи Амрулло Солеҳ дар Тоҷикистон ҳоло маълум нест 06.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-06T11:05+0500
2021-09-06T11:05+0500
2021-09-06T11:21+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
фирор
гурӯҳи террористии "толибон"
амруллоҳ солеҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041714498_0:294:3119:2048_1920x0_80_0_0_4d69b46e92cc9a0d63ff47b20ceba65a.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Иттилоъ дар бораи парвози собиқ ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон бори дигар дар расонаҳо пайдо шуд. Дар ин бора шабакаҳои Al Arabiya ва Afghanistan International хабар медиҳанд. Ин хабарро хабарнигори Sputnik Таджикистан низ тасдиқ кард. Ҷойгоҳи мушаххаси сиёсатмадор дар кишвар ҳоло маълум нест. Аввалин гузоришҳо дар бораи парвози Солеҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр нашр шуд. Телевизиони Ҳиндустон Times Now қайд кард, ки собиқ ноиби президенти ҷумҳурӣ бо ҳамроҳии раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат ба кишвари ҳамсоя рафтааст.Аммо, дертар Солеҳ паёми видеоӣ сабт кард, ки дар он ин маълумотро рад кард. Вай изҳор дошт, ки дар Панҷшер аст ва гузоришҳои парвози ӯ "таблиғи душманон" аст. Ёдовар мешавем, ки Солеҳ пас аз рафтани Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури собиқ, ки бинобар ишғоли қудрат аз сӯи аъзои ҷунбиши радикалии Толибон, ки дар Русия мамнӯъ эълон шудааст, кишварро тарк кард, худро раҳбари нави ҷумҳурӣ эълон кард. Сиёсатмадор ба ҷамъоварии артиши муқовимат ба ҷангиён дар Панҷшер, ягона вилояти Афғонистон, ки он замон таҳти назорати Толибон* набуд, оғоз кард. Бо вуҷуди талошҳо, Солеҳ аз аҳолӣ сартосарӣ пуштибонӣ нашуд ва коршиносони низомии ҷаҳон шонси пирӯзии ӯро ниҳоят паст арзёбӣ карданд.
https://sputnik.tj/20210817/amrulloh-soleh-rohbari-afghoniston-1041696880.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041714498_121:0:2852:2048_1920x0_80_0_0_ea8ace76f014e4b59654edf947462124.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, фирор, гурӯҳи террористии "толибон", амруллоҳ солеҳ
дар тоҷикистон, афғонистон, фирор, гурӯҳи террористии "толибон", амруллоҳ солеҳ
Расонаҳо: Амрулло Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кард
11:05 06.09.2021 (Навсозишуда: 11:21 06.09.2021) Ҷойи дақиқи Амрулло Солеҳ дар Тоҷикистон ҳоло маълум нест
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Иттилоъ дар бораи парвози собиқ ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон бори дигар дар расонаҳо пайдо шуд.
Дар ин бора шабакаҳои
Al Arabiya ва
Afghanistan International хабар медиҳанд. Ин хабарро хабарнигори
Sputnik Таджикистан низ тасдиқ кард.
Ҷойгоҳи мушаххаси сиёсатмадор дар кишвар ҳоло маълум нест.
Аввалин гузоришҳо дар бораи парвози Солеҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр нашр шуд.
Телевизиони Ҳиндустон Times Now қайд кард, ки собиқ ноиби президенти ҷумҳурӣ бо ҳамроҳии раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат ба кишвари ҳамсоя рафтааст.
Аммо, дертар Солеҳ паёми видеоӣ сабт кард, ки дар он ин маълумотро рад кард. Вай изҳор дошт, ки дар Панҷшер аст ва гузоришҳои парвози ӯ "таблиғи душманон" аст.
Ёдовар мешавем, ки Солеҳ пас аз рафтани Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури собиқ, ки бинобар ишғоли қудрат аз сӯи аъзои ҷунбиши радикалии Толибон, ки дар Русия мамнӯъ эълон шудааст, кишварро тарк кард, худро раҳбари нави ҷумҳурӣ эълон кард.
Сиёсатмадор ба ҷамъоварии артиши муқовимат ба ҷангиён дар Панҷшер, ягона вилояти Афғонистон, ки он замон таҳти назорати Толибон* набуд, оғоз кард.
Бо вуҷуди талошҳо, Солеҳ аз аҳолӣ сартосарӣ пуштибонӣ нашуд ва коршиносони низомии ҷаҳон шонси пирӯзии ӯро ниҳоят паст арзёбӣ карданд.