https://sputnik.tj/20210906/jashn-bomazza-dushanbe-1042082037.html
Ҷашни бомазза дар Душанбе: аксҳои диданӣ
Ҷашни бомазза дар Душанбе: аксҳои диданӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар душанбе рӯзи якшанбеи 5 сентябр, Иди ангур, каду ва харбузу тарбуз таҷлил шуд.
2021-09-06T16:00+0500
2021-09-06T16:00+0500
2021-09-06T16:00+0500
акс
дар тоҷикистон
душанбе
ҷашн
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042080095_0:200:1921:1280_1920x0_80_0_0_372ce532d966c49b7c3b9d9ca06ef608.jpg
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042080095_35:0:1742:1280_1920x0_80_0_0_c03539f9a5883593210c960f789a323c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҷлили ид, иди ангур, каду ва харбузу тарбуз, душанбе
таҷлили ид, иди ангур, каду ва харбузу тарбуз, душанбе
Ҷашни бомазза дар Душанбе: аксҳои диданӣ
Дар Душанбе рӯзи якшанбе - 5 сентябр, Иди ангур, каду ва харбузу тарбуз таҷлил шуд.

Кишоварзон аз навоҳии Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Иди ангур, каду, харбузаву тарбузро таҷлил карданд.

Дар чорабинӣ иштирокдорон аз навоҳии атрофи Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузошта, инчунин ҳунари ороиши дастархон бо маҳсулоти полезӣ ба маърази тамошо гузоштанд.

Имсол дар ҷумҳурӣ кишти каду, харбуза ва тарбуз афзоиш ёфта, парвариши навъҳои гуногуни он роҳандозӣ гардидааст.

Маҳсулии дасти кишоварзони Тоҷикистон ба шаклҳои гуногун пешкаш карда шуд.

Меваҳои Тоҷикистон шифои ҳар дарде аст.

Дар доираи ҷашнвораи Иди ангур, каду ва харбузу тарбуз сабқатҳои гуногун баргузор шуд.

Дар Боғи Ирам кишоварзон аз манотиқи гуногуни кишвар маҳсули дасти худро ба намоиш гузоштанд.

То 27 август дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 110 тонна ангур ҷамъоварӣ шудаст.

Инчунин кишоварзони вилояти Суғд 68573 тонна, вилояти Хатлон 361572 тонна ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5873 тонна полезӣ ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар баробари маҳсулjnb кишоварзӣ мардуми тоҷик маҳсули дасти худро пеш гузоштанд.

Лухтакҳо ба намоиш зеби дигар зам кард.

Меҳмонони ҷашнвора имкон доштанд, тоқиҳои зебои тоҷикиро харидорӣ кунанд.

Таҷлили Иди ангур, каду ва харбузу тарбуз дар Боғи Ирам.

Ҳаводорони савту наво имкон доштанд сурудҳои миллӣ ва навозишҳои даштиро гӯш кунанд.