https://sputnik.tj/20210906/elon-rohbandi-sughd-guzasht-harbi-1042086305.html
Аз соати 5 - и саҳар: эълони ду рӯзи роҳбандӣ дар Хуҷанд барои гузашти ҳарбӣ
Аз соати 5 - и саҳар: эълони ду рӯзи роҳбандӣ дар Хуҷанд барои гузашти ҳарбӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Идораи бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар вилояти Суғд, сабаби дар ду рӯзи оянда баста шудани роҳу кӯчаҳои Хуҷандро шарҳ додааст
2021-09-06T17:03+0500
2021-09-06T17:03+0500
2021-09-06T17:09+0500
дар тоҷикистон
суғд
рӯзи истиқлолият
гузашти низомӣ
роҳбандӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/04/1026170436_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_2e1a3fc717cbcdf576b3a213c462a624.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Тибқи эълоне, ки бо имзои Суҳроб Қурбонзода, сардори БДА Суғд нашр шуда ва нусхаи он дастраси Sputnik Тоҷикистон шудааст, санаҳои 7 ва 9 сентябр ба хотири таҷлил намудани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои ҳукумати вилояти Суғд гузашти паради ҳарбӣ ва оммавӣ дар назар дошта шудааст. Аз ин лиҳоз ҳаракат дар баъзе роҳу кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд муваққатан манъ карда мешавад. “Санаҳои 7 ва 9 сентябри соли равон, роҳи кӯчаҳои ба номи Р. Набиев, И. Сомонӣ ва К. Хуҷандӣ аз кӯчаи ба номи Гагарин (кӯпруки ҷашнӣ) то роҳи кӯчаи И. Сомонӣ ва инчунин кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил (собиқ кӯчаи Мир) ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз саоти 05: 00 саҳарӣ то анҷоми чорабинӣ муваққатан қатъ карда мешавад”, - омадааст дар иттилоияи БДА. Бино бар ин эълон дар чунин санаҳо мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҷлили ҷашн бо гузашти паради ҳарбӣ ва оммавӣ бо дастовардҳои 30 – соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои ҳукумати вилояти Суғд дар назар дошта шудааст. Полковник Қурбонзода Суҳроб бо нашри ин эълон аз шаҳрвандон ва ронандагон хоҳиш намудааст, ки дар санаҳои зикршуда ҳаракати худро тавассути роҳу кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.
https://sputnik.tj/20210902/hujand-tuy-dorad-raqsu-bozivu-konsert-ruzi-istiqloliyat-1042030013.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/04/1026170436_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_6f0c83b784255b0fdf00969080a2c6b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, рӯзи истиқлолият, гузашти низомӣ, роҳбандӣ
дар тоҷикистон, суғд, рӯзи истиқлолият, гузашти низомӣ, роҳбандӣ
Аз соати 5 - и саҳар: эълони ду рӯзи роҳбандӣ дар Хуҷанд барои гузашти ҳарбӣ
17:03 06.09.2021 (Навсозишуда: 17:09 06.09.2021) Мақомоти Идораи бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар вилояти Суғд, сабаби дар ду рӯзи оянда баста шудани роҳу кӯчаҳои Хуҷандро шарҳ додааст
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Тибқи эълоне, ки бо имзои Суҳроб Қурбонзода, сардори БДА Суғд нашр шуда ва нусхаи он дастраси Sputnik Тоҷикистон шудааст, санаҳои 7 ва 9 сентябр ба хотири таҷлил намудани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои ҳукумати вилояти Суғд гузашти паради ҳарбӣ ва оммавӣ дар назар дошта шудааст.
Аз ин лиҳоз ҳаракат дар баъзе роҳу кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд муваққатан манъ карда мешавад.
“Санаҳои 7 ва 9 сентябри соли равон, роҳи кӯчаҳои ба номи Р. Набиев, И. Сомонӣ ва К. Хуҷандӣ аз кӯчаи ба номи Гагарин (кӯпруки ҷашнӣ) то роҳи кӯчаи И. Сомонӣ ва инчунин кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил (собиқ кӯчаи Мир) ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз саоти 05: 00 саҳарӣ то анҷоми чорабинӣ муваққатан қатъ карда мешавад”, - омадааст дар иттилоияи БДА.
Бино бар ин эълон дар чунин санаҳо мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҷлили ҷашн бо гузашти паради ҳарбӣ ва оммавӣ бо дастовардҳои 30 – соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои ҳукумати вилояти Суғд дар назар дошта шудааст.
Полковник Қурбонзода Суҳроб бо нашри ин эълон аз шаҳрвандон ва ронандагон хоҳиш намудааст, ки дар санаҳои зикршуда ҳаракати худро тавассути роҳу кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.