https://sputnik.tj/20210906/darguzasht-zhan-pol-belmando-hunarpesha-shinohtai-jahoni-1042092423.html
Даргузашти Жан-Пол Белмандо, ҳунарпешаи шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ
Даргузашти Жан-Пол Белмандо, ҳунарпешаи шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Жан-Пол Белмондо, ҳунарпешаи машҳури фаронсавӣ дар синни 88 даргузашт
2021-09-06T20:56+0500
2021-09-06T20:56+0500
2021-09-06T20:56+0500
дар ҷаҳон
фарҳанг
даргузашт
ҳунарпеша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042090448_0:142:1456:961_1920x0_80_0_0_64e991a716e426ec27f3863fc43114c9.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Аз даргузашт Жан-Пол Белмондо хабаргузории AFP ба такя ба вакилаш хабар додааст. Белмондо 9 апрели соли 1933 дар шаҳри Нёйи-сюр-Сени Фаронса дар оилаи Пол, муҷассамасоз аз Порис ва рассом Мадлен Белмондо таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Консерваторияи миллии санъати драмавӣ мебошад. Аз беҳтарин нақшҳояшро дар филми "Зан ҳаст зан" (1961), "Дузд" (1967), "Бонк аз "Миссисипи" (1969), "Доктор Попол"(1972) ва ғайра бозӣ кардааст. Аз ҷумлаи серталабтарин ҳунарпешаҳои фаронсавӣ то соли 1986 буд. Ба монандаи Ален Делон, Жан Пол Белмондо низ ширкати Cerito - ро ташкил кард, ки ба таҳияи филмҳои худӣ машғул мебошад. Ҳамаи саҳнаҳои хатарноки филмро Белмондо асосан худаш иҷро мекард, то замоне, ки дар таҳияи филми "Ғорат" ҷароҳат бардошт. Ӯ ду бор хонадор шуда буд - бори аввал бо раққоса Элоди Константен ва баъдан бо балерина Натти Тардивел издивоҷ карда буд. Инчунин аз ҳадди ақал чор муносибатҳои маҳрамонаи берун аз идивоҷаш низ маълум аст. Моҳи феврали соли 2015 Белмондо аз анҷоми фаъолияти ҳунарияш дар бахши синамо эълон кард. Белмондо ду бор ба ҷоизаи BAFTA чун ҳунарпешаи беҳтарини хориҷӣ пешбарӣ шуда буд. Соли 1989 ҷоизаи "Сезар" ва соли 2011 ҷоизаи тиллоии Ҷашнвораи синамои Канро соҳиб шуд. Соли 2016 бо ҷоизаи "Шери тиллоӣ" барои саҳмаш дар синамои ҷаҳонӣ қадрдонӣ шуда буд.
https://sputnik.tj/20210119/Habibullo-Abdurazzoqov-darguzasht-1032650552.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042090448_0:6:1456:1098_1920x0_80_0_0_eeba31698c7a78687ce3b26cff0b6ab0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фавт, даргузашт, ҳунарпеша, жан пол белмондо, фаронса, синамо, ҷаҳон
фавт, даргузашт, ҳунарпеша, жан пол белмондо, фаронса, синамо, ҷаҳон
Даргузашти Жан-Пол Белмандо, ҳунарпешаи шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ
Жан-Пол Белмондо, ҳунарпешаи машҳури фаронсавӣ дар синни 88 даргузашт
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Аз даргузашт Жан-Пол Белмондо хабаргузории AFP ба такя ба вакилаш хабар додааст.
Белмондо 9 апрели соли 1933 дар шаҳри Нёйи-сюр-Сени Фаронса дар оилаи Пол, муҷассамасоз аз Порис ва рассом Мадлен Белмондо таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Консерваторияи миллии санъати драмавӣ мебошад.
Аз беҳтарин нақшҳояшро дар филми "Зан ҳаст зан" (1961), "Дузд" (1967), "Бонк аз "Миссисипи" (1969), "Доктор Попол"(1972) ва ғайра бозӣ кардааст. Аз ҷумлаи серталабтарин ҳунарпешаҳои фаронсавӣ то соли 1986 буд.
Ба монандаи Ален Делон, Жан Пол Белмондо низ ширкати Cerito - ро ташкил кард, ки ба таҳияи филмҳои худӣ машғул мебошад.
Ҳамаи саҳнаҳои хатарноки филмро Белмондо асосан худаш иҷро мекард, то замоне, ки дар таҳияи филми "Ғорат" ҷароҳат бардошт.
Ӯ ду бор хонадор шуда буд - бори аввал бо раққоса Элоди Константен ва баъдан бо балерина Натти Тардивел издивоҷ карда буд. Инчунин аз ҳадди ақал чор муносибатҳои маҳрамонаи берун аз идивоҷаш низ маълум аст.
Моҳи феврали соли 2015 Белмондо аз анҷоми фаъолияти ҳунарияш дар бахши синамо эълон кард.
Белмондо ду бор ба ҷоизаи BAFTA чун ҳунарпешаи беҳтарини хориҷӣ пешбарӣ шуда буд. Соли 1989 ҷоизаи "Сезар" ва соли 2011 ҷоизаи тиллоии Ҷашнвораи синамои Канро соҳиб шуд. Соли 2016 бо ҷоизаи "Шери тиллоӣ" барои саҳмаш дар синамои ҷаҳонӣ қадрдонӣ шуда буд.