Шералӣ Кабир гуфт, барои чӣ 96 корхонаи Тоҷикистон фаъолият надорад

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон на открытии нового предприятия по производству алюминиевых профилей в Турсунзаде
Эмомали Рахмон на открытии нового предприятия по производству алюминиевых профилей в Турсунзаде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Обуна шудан
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар як мусоҳибае гутааст, ки дар соли расон 96 корхонаи саноати бо сабабҳои гуногун фаъолият накарданд
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон, дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъкид доштааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон 96 корхона дар саросари Тоҷикистон фаъолият накарданд, ки ба соҳаи саноати хӯрокворӣ, сохтмон, саноати сабук, мошинсозӣ, табъу нашр, ангишт ва маъдан рост меоянд.
Вай гуфт, ки дар ин давра дар ВМКБ 6, вилояти Суғд 17, вилояти Хатлон 23, НТҶ 20 ва шаҳри Душанбе 30 корхона фаъолият накардааст.
 Шерали Кабиров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Шералӣ Кабир: Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ зинаи баландтаринро касб кард
Шералӣ Кабир сабабҳои асосии фаъолият накардани 96 корхонаро, аз ҷумла дар марҳилаи барҳамхӯрӣ қарор доштан, муфлисшавӣ, мушкилоти молиявӣ, қарзи андозӣ, баҳси амвол бо бонкҳо, фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома, аз ҷумҳурӣ рафтани роҳбари корхона бинобар шаҳрванди хориҷӣ будан, надоштани бино, қитъаи замин ва дигар намудҳои самти фаъолият рабт дод.
“Бо назардошти сабабҳои дар боло дарҷгардида, аз рӯйхати корхонаҳои саноатӣ баровардани онҳо (дар равзанаи корхонаҳое, ки аз андоз қарздоранд, боқӣ мемонанд) мувофиқи мақсад мебошад ва корҳо дар ин самт идома доранд”, - қайд кард ӯ.
Тибқи вазорати саноат дар давраи сипаригашта 157 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 1366 кас соҳиби ҷойи кор шуд.
Лентаи хабарҳо
0