Сарфармондеҳи артиши Украина мехоҳад савори тонк дар Кремлу Арбат сайру гашт кунад

© Sputnik / Амир ИсаевПередача военной техники Республике Таджикистан от российской стороны
Передача военной техники Республике Таджикистан от российской стороны - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Обуна шудан
Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина орзу дорад савори тонк дар кӯчаҳои таърихии Маскав сайру гашт кунад
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина Валерий Залужный гуфт, ки ӯ мехоҳад савори тонк вориди Майдони Сурх шавад.
"Шояд мехоҳам. Рости гап - бале ", - гуфт Залужный дар яке аз шабакаҳои "Канали 5 " украина дар посух ба саволи баранда.
Ҳамчунин, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина гуфт, ки орзу дорад савори тонк дар кӯчаҳои Арбатро сайру гашт кунад, аммо “эҳтиётона”, чун ин минтақаи таърихист.
Оқои Залужный дар охири моҳи июли соли 2021 Фармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина таъйин шуд. Дар ин вазифа ӯ Руслан Хомчакро иваз кард. Қаблан Залужный фармондеҳи нерӯҳои фармондеҳии амалиётии "Шимол" буд.
Украинские болельщики танцуют перед матчем чемпионата Европы в Бухаресте  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Украина: солгарди буҳрон
Дар авоили моҳи августи соли 2021, фармондеҳи нави Қувваҳои Мусаллаҳи Украина вуруди раиси Парлумони Украина (Радаи Украина) Дмитрий Разумковро ба Донбасс манъ кард, ки боиси ҷанҷол дар кишвар шуд.
Залужный пеш аз сафари мақомдорон ба таври муваққати сафари раиси парлумон ва дигар мақомдоронро ба минтақаи "Амалиёти Қувваҳои Мусаллаҳ ба таври муваққати манъ кард.
Лентаи хабарҳо
0