Парки фанноварии Пардиси Эрон ба қабули гурезаҳо омодааст

© REUTERS \ Saeed Ali Achakzai Семья из Афганистана на контрольно-пропускном пункте "Ворота дружбы" в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан
Семья из Афганистана на контрольно-пропускном пункте Ворота дружбы в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Обуна шудан
Парки фанноварии Пардис, ки дар атрофи Теҳрон аст, бо интишори як изҳороте аз омодагӣ барои қабули паноҳҷӯёни афғонистонӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 5 сент – Sputnik. Пойгоҳи иттилоърасонии парки фанноварии Пардис, ки ин парк ба унвони муҳимтарин ва бузургтарин парки фанноварии Эрон ба ҳисоб меравад, ахиран бо интишори як изҳороте эълом доштааст, ки паноҳҷӯёни афғонистонӣ то поёни сентябри соли 2021 дар парки фанноварии Пардис қабул карда мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Дар ин баёния гуфта шудааст, ки бо тавваҷуҳ ба вазъи ногувор ва шароити сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвари Афғонистон ва барои ёрӣ ба бародарону хоҳарони мусулмон барои идомаи фаъолият­ҳои ҳирфаии худ дар ҳавзаи фанновариву навоварӣ, парки фанноварии Пардис барои ҷавонони нухба ва корофарини афғонистонӣ барои корофаринӣ ва таъсиси муассисаи корофаринӣ ва ё иштиғол дар ширкататҳои фановарии мустақар дар парк шароиту имконоте фароҳам шудааст.

Абдель Гани Барадар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Муло Бародар: барои ташкили як давлати фарогир дар Афғонистон талош мекунам
“Ҳузури гурӯҳҳо ва ширкат­ҳои таъсисшудаи ширкататҳои хориҷӣ дар паркҳо ва байналмилаллисозии фаъолияту бозори ширкатҳо аз аҳдофи таъсиси паркҳо дар ҷаҳон маҳсуб намешавад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон парки фанноварии Пардис дар иттилоъияи худ овардааст, ки дар ҳоли ҳозир низ даҳҳо неруи хориҷӣ дар ширкатҳои парк машғул ба кор ҳастанд ва 7 ширкат низ саҳҳомдорони хориҷӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0