https://sputnik.tj/20210904/tojikiston-id-kadu-angur-harbuza-tajlil-1042053335.html
Дар Тоҷикистон иди каду, ангур ва харбуза таҷлил мешавад
Дар Тоҷикистон иди каду, ангур ва харбуза таҷлил мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи якшанбеи 5 сентябр дар кишвар Иди ангур, каду ва харбузу тарбуз баргузор мегардад
2021-09-04T10:40+0500
2021-09-04T10:40+0500
2021-09-04T10:40+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
кишоварзӣ
ид
харбуза
тарбуз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103060/94/1030609419_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_162b0e118c952bcc811d55cf373b44e8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Кишоварзон аз навоҳии Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Иди ангур, каду, харбузаву тарбузро таҷлил мекунанд, хабар додаст Вазорати кишоварзӣ. Дар чорабинӣ иштирокдорон аз навоҳии атрофи Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузошта, инчунин ҳунари ороиши дастархон бо маҳсулоти полезӣ ба маърази тамошо мегузоранд. "Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст", - навиштааст "Ховар" аз қавли Вазорати кишоварзӣ. Вазорат мегӯяд, имсол дар ҷумҳурӣ кишти каду, харбуза ва тарбуз афзоиш ёфта, парвариши навъҳои гуногуни он роҳандозӣ гардид. Ба иттилои расмӣ, то 27 август дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 110 тонна ангур ҷамъоварӣ шудаст. Инчунин кишоварзони вилояти Суғд 68573 тонна, вилояти Хатлон 361572 тонна ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5873 тонна полезӣ ҷамъоварӣ кардаанд.Вазорати кишвоварзӣ мегӯяд, дар рӯзи ид меҳмонони чорабинӣ метавонанд, навъҳои гуногуни каду, ангур, тарбузу харбузаро бо нархҳои дастрас харид кунанд.
https://sputnik.tj/20210728/prezident-nohiyai-ayni-ferma-1041247572.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103060/94/1030609419_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_138d7dc41ad1a3e74489d7cdb2796ffd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, каду, харбуз, тарбуз, таҷлил
тоҷикистон, каду, харбуз, тарбуз, таҷлил
Дар Тоҷикистон иди каду, ангур ва харбуза таҷлил мешавад
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи якшанбеи 5 сентябр дар кишвар Иди ангур, каду ва харбузу тарбуз баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Кишоварзон аз навоҳии Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Иди ангур, каду, харбузаву тарбузро таҷлил мекунанд, хабар додаст Вазорати кишоварзӣ.
Дар чорабинӣ иштирокдорон аз навоҳии атрофи Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузошта, инчунин ҳунари ороиши дастархон бо маҳсулоти полезӣ ба маърази тамошо мегузоранд.
"Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст", - навиштааст "Ховар" аз қавли Вазорати кишоварзӣ.
Вазорат мегӯяд, имсол дар ҷумҳурӣ кишти каду, харбуза ва тарбуз афзоиш ёфта, парвариши навъҳои гуногуни он роҳандозӣ гардид.
Ба иттилои расмӣ, то 27 август дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 110 тонна ангур ҷамъоварӣ шудаст.
Инчунин кишоварзони вилояти Суғд 68573 тонна, вилояти Хатлон 361572 тонна ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5873 тонна полезӣ ҷамъоварӣ кардаанд.
Вазорати кишвоварзӣ мегӯяд, дар рӯзи ид меҳмонони чорабинӣ метавонанд, навъҳои гуногуни каду, ангур, тарбузу харбузаро бо нархҳои дастрас харид кунанд.