Раббонӣ аз Толибон* дар шимол хост, алайҳи ҷабҳаи муқовимат наҷанганд - видео

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Афганистана Салахуддин Раббани
Министр иностранных дел Афганистана Салахуддин Раббани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Обуна шудан
Салоҳиддин Раббонӣ, сиёсатмадори Афғонистон, роҳбари Ҷамъияти исломии ин кишвар ҳамлаҳо ба Панҷшерро маҳкум карда, аз Толибон* даъват намуд, ки аз музокирот кор бигиранд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Салоҳиддин, писари Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ раисиҷумҳури Афғонистон, гуфт, феълан ҳеч нерӯи хориҷие дар кишвар нест ва ягон далели истифодаи нерӯ ҷой надорад. Ӯ таъкид намуд, ки мушкили Панҷшер бояд тариқи гуфтушунид ҳал шавад.
Раббонӣ дар хитоб ба фармондеҳону ҷангиёни Толибон* дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон хост, ки алайҳи ҷабҳаи муқовимат ҷанг накунанду пешмаргаи аҳдофи дигарон набошанд. Ӯ таъкид намуд, ки ин ҷанг барои шумо ва мардуми шумо нест.
Ба гуфтаи Раббонӣ, Панҷшер ба маркази муқовимати машрӯи мардуми Афғонистон табдил шудааст ва интизори мардуми Афғонистон аз Толибон* ин аст, ки то расидан ба роҳи мақбул барои ҳама аз истифодаи зӯри низомӣ худдорӣ карда шавад.
Вай ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи хушунату зӯрӣ алайҳи мардум дер ё зуд муқовимат дар нуктаҳои дигари кишвар сар хоҳад зад.
Раббонӣ дар муроҷиат ба ҷангиёну фармондеҳони Толибон* дар шимол ҳушдор дод, ки ҷангашон алайҳи Панҷшер ҳеч дастоварде надошта, мояи таассуфу шармсории таърихияшон мегардад, ки нақши пешмаргаро барои куштани бародарони худашону вайрон кардани хонаҳошон доштанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0