Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Эълони омори нави сироят, фавт ва шифо аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Павел Бедняков / Медицинские работники во временном госпитале COVID-19 на ВДНХ в Москве. / Гузариш ба медиабонкЛечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр мекунад
ДУШАНБЕ, 4 сент – Sputnik. Дар Тоҷикистон 27 ҳолати нави сирояти нави коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба рӯзи пешин (29 ҳолат) камтар аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.
Аз оғози ҳамагирии вируси корона дар Тоҷикистон, 16 940 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд.
Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки дар як рӯзи охир 29 бемор шифо ёфта, ҳамин тавр то 4 сентябр дар кишвар 16776 нафар ин вирусро ба хубӣ пушти сар кардаанд.
Художественная иллюстрация вируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи август
Қобили зикр аст, ки аз моҳи август то кунун дар Тоҷикистон коҳиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ мушоҳида мешавад.
Ҳамин тавр, агар дар аввали моҳ ҳар рӯз тақрибан 70 нафар бемор мешуд, дар охири моҳи август ин рақам то 30 нафар коҳиш ёфт.
Палата в больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Чаро мардон нисбат ба занон аз COVID тезтар мемиранд
Ҳамзамон тибқи иттилои мақомот дар кишвар наздик ба 3 миллион тан ваксина гирифтаанд.
Қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфта буд, ки кишвар мавҷи дуввуми COVID-19-ро, ки охири моҳи июн оғоз шуда буд, дилпурона паси сар карда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0