Суғдиён ба Данғара мекӯчанд: Раёсат раванди муҳоҷирати дохилиро шарҳ дод

© Sputnik / Амир ИсаевОдна из улиц Дангары
Одна из улиц Дангары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Обуна шудан
Бино ба иттилоъи Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд 43 оила ва ё беш аз 50 дарсади шумори умумии муҳоҷирони дохилӣ, ноҳияи Данғараро макони иқомати худ интихоб кардаанд
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Зайнура Шарифӣ, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ муҳоҷирати дохилии 79 оила ба нақша гирифта шудааст.
“13 оила аз шаҳри Исфара ба ноҳияи Данғара, 11 оила аз ноҳияи Спитамен ба ноҳияи Зафаробод, 25 оила аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Хуросон ва 30 оилаи дигар аз Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Данғара дар нақша гирифта шудааст”, - иттилоъ дод Шарифӣ.
Муҳоҷирати ин гурӯҳи сокинон тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки 31 октябри соли 2020 ба имзо расида буд, ба нақша гирифта шудааст. Аз омори ирашуда бармеояд, ки бештари муҳоҷирони дохилӣ ноҳияи Данғараро макони иқомати худ интихоб намудаанд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Супориши Раҳмон ба раҳбарияти Суғд барои коҳиши муҳоҷират: соҳибкоронро дастгирӣ кунед
Соли қаблӣ ҳам 30 оила аз шумори 61 оилаи Суғд, муҳоҷират ба ин ноҳияи вилояти Хатлонро интихоб намудаанд.
Зайнура Шарифӣ, таваҷҷӯҳи бештари муҳоҷират ба ноҳияи Данғараро шарҳ дод.
“Мавҷуд будани замини васеъи кишоварзӣ, иқлими хуб барои парвариши зироат ва обу ҳавои тозаи ин ноҳия бисёре аз муҳоҷирони дохилиро хушбин месозад”, - гуфт сардори Раёсат.
Муҳоҷирати дохилӣ умдатан бо сабаби шароити танготанги манзил ва аз як ноҳия ба ноҳияи дигар сурат мегирад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во Дворце культуры  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2021
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷират: мо имкон дорем, ки мардумро пурра бо кор таъмин намоем
Масъулони Хадамоти муҳоҷират мегуянд, барои хонаводаҳое, ки ҳамчун муҳоҷирони дохилӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд, дар роҳандозии сохтмонӣ хонаҳои истиқоматӣ ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзноки давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
Аз ин ҳисоб танҳо 50 дарсад, ё 2, 5 ҳазор сомонӣ баъди пурра ҷо ба ҷо шудани онҳо баргардонида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0