Лавров имкони ҳалли мусолиматомези вазъ дар Панҷшерро арзёбӣ кард

© МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Австрию
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Австрию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Обуна шудан
Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, охирин даргириҳои низомӣ дар шимоли Афғонистон дар дараи Панҷшер ба зудӣ ба музокирот хоҳанд гузашт
ДУШАНБЕ, 3 сен - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки Русия интизор дорад, ки муқовимати байни ҷунбиши Толибон* (дар Русия ва дигар кишварҳо террористӣ эътироф ва мамнӯъ аст) ва тоҷикони афғон дар Панҷшер ба музокирот хоҳанд гузашт.
"Дар мавриди имконоти ҳалли мусолиматомези мушкилоти Афғонистон, ман фикр мекунам, ки он вуҷуд доранд", - гуфт вазир дар мулоқот бо иштирокчиёни марафони таълимии "Донишҳои нав".
Ба андешаи ӯ, охирин задухӯрдҳои ҷангӣ дар шимоли Афғонистон дар дараи Панҷшер ба ҳар ҳол ба музокирот мегузаранд.
Лавров ҳамчунин таъкид кард, ки Маскав фаъолона ба роҳандозии муколама байни гурӯҳҳои қавмӣ ва конфессияӣ дар Афғонистон мусоидат мекунад.
Вай ёдовар шуд, ки ҷониби Русия бидуни истисно бо тамоми ҷомеаҳои афғон тамос дошт, аз ҷумла Толибон*.
Бронетранспортеры ополченцев в Панджшерской долине, Афганистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Чаро Панҷшер хомӯш аст? – хабарҳои зиддунақиз
Қаблан Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон эълом дошт, ки шаҳри Чарикор, маркази вилояти Парвон, дар шимоли Кобулро таҳти назорат гирифтааст.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар натиҷаи ҷангҳо дар Панҷшер Толибон* талафоти зиёд дидаанд.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни ҷунбиши радикалии Толибон* Кобулро забт карданд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Русия қасди миёнаравӣ дар Панҷшерро надорад
Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки ба он вазири собиқи корҳои дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ мекард.
Дар робита ба ин Ашраф Ғанӣ аз мақоми сарвари давлат истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.
Панҷшер, дар шимолу шарқи Кобул, ягона вилоятест, ки берун аз назорати ҷангиён аст.
* - дар Русия ва дигар кишварҳо террористӣ эътироф ва мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0