https://sputnik.tj/20210903/jabha-muqovimat-talafot-tolibonpanjsher-1042037607.html
Ҷабҳаи муқовимат аз талафоти зиёди Толибон* дар Панҷшер гуфт
Ҷабҳаи муқовимат аз талафоти зиёди Толибон* дар Панҷшер гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Ҷабҳаи муқовимат дар Твиттер навиштанд, ки радикалҳо талафоти калон доданд
2021-09-03T12:07+0500
2021-09-03T12:07+0500
2021-09-15T14:21+0500
афғонистон
панҷшер
талафоти ҷонӣ
гурӯҳи террористии "толибон"
ҳамлаи хунин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042037575_0:49:945:581_1920x0_80_0_0_54fba1a9de52b0ed3ccd744564cec255.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар медиҳад, ки шаҳри Чарикар, маркази вилояти Парвон, дар шимоли Кобулро таҳти назорат гирифтааст. Дар натиҷаи ҷангҳо дар Панҷшер Толибон* (як созмони террористӣ, ки дар Федератсияи Русия мамнӯъ аст) талафоти калон диданд, хабар медиҳад Интерфакс. Намояндагони ҷабҳа дар Твиттер навиштанд, ки шаби 2 сентябр Толибон* ҳамлаи худро ба водии Панҷшер аз чанд самт идома доданд: аз ағбаи Ҳовак, тавассути водии Андароб, аз ағбаи Соланг, дар ноҳияи Шотул ва инчунин аз шаҳри Гулбаҳори вилояти Парвон .Ба гуфтаи онҳо, Толибон пеш аз оғози ҳамла ширкатҳоро маҷбур кардаанд, ки алоқа ва хадамоти интернетии Панҷшер ва интиқоли барқро қатъ кунанд. Дар ҳар се минтақа, тибқи паёмҳо дар Твиттер, радикалҳо талафоти зиёд доданд, даҳҳо ҷасади ҷангҷӯён дар майдони ҷанг боқӣ мондаанд. Иддае ҳам таслим шуданд. Гуфта мешавад, дар байни сарбозони ҷабҳа низ талафот вуҷуд дорад. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки тарафдорони Аҳмад Масъуд, ки раҳбари Ҷабҳаи зидди Толибон* аст, тавонистанд чаҳор ноҳияро аз Толибон дар вилояти Бадахшон бозпас гиранд.* Ташкилоти террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ
https://sputnik.tj/20210903/panjsher-tolibon-tojikiston-muloqot-1042034605.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042037575_53:0:893:630_1920x0_80_0_0_ebbdcdbcf5149ed69134c26c90d6ab97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабҳаи муқовимат, талафот, толибон*, панҷшер
ҷабҳаи муқовимат, талафот, толибон*, панҷшер
Ҷабҳаи муқовимат аз талафоти зиёди Толибон* дар Панҷшер гуфт
12:07 03.09.2021 (Навсозишуда: 14:21 15.09.2021) Намояндагони Ҷабҳаи муқовимат дар Твиттер навиштанд, ки радикалҳо талафоти калон доданд
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар медиҳад, ки шаҳри Чарикар, маркази вилояти Парвон, дар шимоли Кобулро таҳти назорат гирифтааст.
Дар натиҷаи ҷангҳо дар Панҷшер Толибон* (як созмони террористӣ, ки дар Федератсияи Русия мамнӯъ аст) талафоти калон диданд, хабар медиҳад Интерфакс.
Намояндагони ҷабҳа дар Твиттер навиштанд, ки шаби 2 сентябр Толибон* ҳамлаи худро ба водии Панҷшер аз чанд самт идома доданд: аз ағбаи Ҳовак, тавассути водии Андароб, аз ағбаи Соланг, дар ноҳияи Шотул ва инчунин аз шаҳри Гулбаҳори вилояти Парвон .
Ба гуфтаи онҳо, Толибон пеш аз оғози ҳамла ширкатҳоро маҷбур кардаанд, ки алоқа ва хадамоти интернетии Панҷшер ва интиқоли барқро қатъ кунанд.
Дар ҳар се минтақа, тибқи паёмҳо дар Твиттер, радикалҳо талафоти зиёд доданд, даҳҳо ҷасади ҷангҷӯён дар майдони ҷанг боқӣ мондаанд. Иддае ҳам таслим шуданд.
Гуфта мешавад, дар байни сарбозони ҷабҳа низ талафот вуҷуд дорад.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки тарафдорони Аҳмад Масъуд, ки раҳбари Ҷабҳаи зидди Толибон* аст, тавонистанд чаҳор ноҳияро аз Толибон дар вилояти Бадахшон бозпас гиранд.
* Ташкилоти террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ