Душанбе интизори ҷашн: тағйири симои пойтахт дар арафаи таҷлили Истиқлолият – видео

Обуна шудан
Пойтахти ҷумҳурӣ бо парчамҳои миллӣ, расмҳо ва чароғакҳои рангоранг оро дода шудааст
Душанбе ба яке аз идҳои асосии давлатӣ - Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон, ки ҳамасола 9 сентябр таҷлил мешавад, омодагӣ гирифтааст.
Дар соли 2021 Тоҷикистон 30 солагии истиқлолиятро ҷашн мегирад. Ҷашнвора дар кишвар ба таври васеъ таҷлил мешавад.
Пойтахти кишварро парчамҳои миллӣ ва чароғакҳо оро медиҳанд ва пулҳо расмҳои зебо дида мешавад.
Ба ифтихори Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон дар Душанбе як гузшти бошукӯҳи қувваҳои мусаллаҳ баргузор мешавад. Дар он беш аз 15 ҳазор низомиён ширкат хоҳанд кард.
Пас аз парад дар майдони Дӯстии маркази шаҳр, раҳпаймоии 50 ҳазор сокини Душанбе ташкил карда мешавад. Ҳамчунин, ба ифтихори ҷашн ҳунармандони саршинос ва ситораҳои эстрадаи тоҷик барои тамошобинон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ҷашнвораҳо дар кишвар чанд рӯз идома хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0