https://sputnik.tj/20210903/dabiri-kulli-smm-favran-ghizo-doru-afghoniston-tahvil-1042046476.html
Дабири кулли СММ: фавран бояд ғизо ва дору ба Афғонистон таҳвил дода шавад
Дабири кулли СММ: фавран бояд ғизо ва дору ба Афғонистон таҳвил дода шавад
Sputnik Тоҷикистон
Афғонистон ниёзи мубрам ба таҳвили ғизо ва дору дар шароити хушксолӣ ва наздик шудан ба зимистон дорад
2021-09-03T18:00+0500
2021-09-03T18:00+0500
2021-09-03T18:00+0500
афғонистон
смм
осиёи марказӣ
кӯмак
ғизо
антониу гуттериш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032109439_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_4a22f9acec0dbd16e87ee6326cd2bc9c.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран саҳифаи Твиттериаш навишт: "Бо наздик шудани хушксолӣ ва наздик омадани зимистон, интиқоли ғизо, сарпаноҳу доруворӣ ба Афғонистон зарур аст".Бояд гуфт, ки Созмони Милал борҳо хостори кумакҳои фаврии башардӯстона ба Афғонистон шудааст.Ҳамчунин, СММ аз зарурати бозсозии фурудгоҳи Кобулро қайд кард. Созмони Милали Муттаҳид Таъкид доштааст, ки задухӯрди мусаллаҳона дар вилояти Панҷшер миёни Толибон* ва Нерӯҳои Муқовимати Аҳмад Масъуд ба фаъолияти башардӯстона халал мерасонад.Гутерриш қасд дорад, ки нақшаи кӯмаки фаврӣ ба Афғонистонро ҳафтаи оянда муаррифӣ кунад.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш намояндагони Толибон эълон карда буданд, ки дар давлати ҷадиди Афғонистон намояндагони давлати қабли ин кишвар шомил нахоҳад шуд.Вазъият дар Афғонистон, бахусус дар даҳ рӯзи аввали моҳи август, вақте Толибон* ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ шадидтар карданд, бадтар шуд.Ягона вилояте, ки Толибон* натавонистанд онро ишғол кунанд, Панҷшер мебошад, ки дар шимолу шарқи Кобул ҷойгир аст.Санаи 15 август Толибон* вориди шаҳри Кобул шуданд ва Кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Ашраф Ғанӣ қабл аз расидани нерӯҳои Толибон* ба шаҳри Кобул аз Афғонистон фирор кард ва дар як паём эълом кард, ки барои қатъи хунрезӣ кишварро тарк кардааст.* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст
https://sputnik.tj/20210903/artish-masud-tolibon-viloyat-marz-tojikiston-hamla-1042044926.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032109439_293:0:1733:1080_1920x0_80_0_0_3e29182b4cb66173f51d6841f6e2222f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, смм, ғизо, фавран, дабири кулли смм
афғонистон, смм, ғизо, фавран, дабири кулли смм
Дабири кулли СММ: фавран бояд ғизо ва дору ба Афғонистон таҳвил дода шавад
Афғонистон ниёзи мубрам ба таҳвили ғизо ва дору дар шароити хушксолӣ ва наздик шудан ба зимистон дорад
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран саҳифаи Твиттериаш навишт: "Бо наздик шудани хушксолӣ ва наздик омадани зимистон, интиқоли ғизо, сарпаноҳу доруворӣ ба Афғонистон зарур аст".
Бояд гуфт, ки Созмони Милал борҳо хостори кумакҳои фаврии башардӯстона ба Афғонистон шудааст.
Ҳамчунин, СММ аз зарурати бозсозии фурудгоҳи Кобулро қайд кард. Созмони Милали Муттаҳид Таъкид доштааст, ки задухӯрди мусаллаҳона дар вилояти Панҷшер миёни Толибон* ва Нерӯҳои Муқовимати Аҳмад Масъуд ба фаъолияти башардӯстона халал мерасонад.
Гутерриш қасд дорад, ки нақшаи кӯмаки фаврӣ ба Афғонистонро ҳафтаи оянда муаррифӣ кунад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш намояндагони Толибон эълон карда буданд, ки дар давлати ҷадиди Афғонистон намояндагони давлати қабли ин кишвар шомил нахоҳад шуд.
Вазъият дар Афғонистон, бахусус дар даҳ рӯзи аввали моҳи август, вақте Толибон* ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ шадидтар карданд, бадтар шуд.
Ягона вилояте, ки Толибон* натавонистанд онро ишғол кунанд, Панҷшер мебошад, ки дар шимолу шарқи Кобул ҷойгир аст.
Санаи 15 август Толибон* вориди шаҳри Кобул шуданд ва Кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Ашраф Ғанӣ қабл аз расидани нерӯҳои Толибон* ба шаҳри Кобул аз Афғонистон фирор кард ва дар як паём эълом кард, ки барои қатъи хунрезӣ кишварро тарк кардааст.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст