Таҷаммӯи гурезаҳои афғон дар марз бо Покистон

Обуна шудан
Дар пайи ғайриимкон шудани берун рафтан аз Афғонистон тариқи фурудгоҳи Кобул гурезаҳои афғон дар назди марзи бархе аз кишварҳои ҳамсоя ҷамъ омадаанд
Фирориёни афғон дар наздикии шаҳри Чамани Покистон ҷамъ омадаанд, ки дар ин ҷо гузаргоҳи калонтарин байни ду кишвар ҷойгир аст.
Фирориён хаймаҳоро насб карда, лавозимотеро, ки аз созмонҳои хайрия гирифтаанд, байни ҳам тақсим мекунанд.
Ҳазорҳо афғонистонӣ дар пайи ғасби кишвар аз сӯи Толибон* ба тарафи марз бо Покистон шитофтаанд. Яке аз занони гурезаи афғон дар мавриди мушкилоти худ суҳбат кард.

"Мо тамоми амволи худро мондем, бо як азоб худро ба Покистон расондем. Ҳозир мо ҳеч умеде надорем. Падару се духтар дорам, ки онҳоро хӯрондан лозим аст", - афзуд ӯ.

Тибқи иттилои дафтари СММ дар умури гурезаҳо дар Покистон ҳудуди се миллион фирории афғон иқомат доранд, ки 1,6 миллион нафари онҳо ҳеч санаде надоранд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳо
Лентаи хабарҳо
0