https://sputnik.tj/20210901/favt-kudak-muhojir-tojik-suhtor-ekaterinburg-1042007055.html
Модар ҳоло намедонад: фавти кӯдаки оилаи тоҷик аз сӯхтор дар Екатеринбург
Модар ҳоло намедонад: фавти кӯдаки оилаи тоҷик аз сӯхтор дар Екатеринбург
Sputnik Тоҷикистон
Оташи мудҳиш ҷони як кӯдаки хурдсолро аз оилаи зодагони Тоҷикистон гирифт
2021-09-01T17:07+0500
2021-09-01T17:07+0500
2021-09-01T17:09+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
муҳоҷир
даргузашт
оташ
фарзанд
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103106/15/1031061518_0:36:1281:756_1920x0_80_0_0_14454d6b2d2a516ff4a23f54ff67be71.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Фоҷиа шаби гузашта дар Екатеринбург дар СНТ "Железнодорожник" ба амал омад, хабар медиҳад нашрияи онлайнии "Е1.РУ Екатеринбург Онлайн".Сӯхтор дар хонаи истиқоматии зодагони Тоҷикистон, ки бо оилааш зиндагӣ мекард, сар задааст. Падари 36 - солаи хонавода мехост бо писари наврасаш мустақилона оташро хомӯш кунад, аммо натавонист. Сӯхторнишонҳоро шоҳидони ҳодиса даъват кардаанд.Дар натиҷа, падар ва писари калонӣ тавонистанд аз хонаи сӯхта берун раванд, аммо кӯдаки хурдӣ, писари шашсола натавонист ва ҷасади ӯро сӯхта берун оварданд. ВКД шарҳ дод, ки то ҳол ба модари писари фавтида дар бораи ин ҳодиса хабар надодаанд: вай барои нигоҳубини хешовандони бемораш ба Тоҷикистон рафтааст. Ҳамчунин, сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар вилояти Свердловск Валерий Горелих шарҳ дод, ки ин оила дар Шӯъбаҳои кор бо ноболиғон ба қайд гирифта нашудааст.Ба иттилои манбаъ, мутахассисон аллакай корашонро дар ҷойи ҳодиса анҷом додаанд ва феълан муфаттишон аз рӯи ин қазия кор бурда истодаанд. Гуфта мешавад, ҳоло се фарзияи рӯйдод баррасӣ карда мешаванд: расиши ноқилҳои барқӣ, аз ҳад зиёд гарм шудани печ дар ванна ё муносибати беэҳтиётии таҷҳизоти печҳо.
https://sputnik.tj/20210713/margi-futbolbozi-tojik-rusiya-1040846391.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103106/15/1031061518_71:0:1204:850_1920x0_80_0_0_39c91243bcb2aa8e2257e19844783e49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
модар, фавт кадак оила тоҷик сухтор дар екатеринбург
модар, фавт кадак оила тоҷик сухтор дар екатеринбург
Модар ҳоло намедонад: фавти кӯдаки оилаи тоҷик аз сӯхтор дар Екатеринбург
17:07 01.09.2021 (Навсозишуда: 17:09 01.09.2021) Оташи мудҳиш ҷони як кӯдаки хурдсолро аз оилаи зодагони Тоҷикистон гирифт
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Фоҷиа шаби гузашта дар Екатеринбург дар СНТ "Железнодорожник" ба амал омад, хабар медиҳад нашрияи онлайнии "
Е1.РУ Екатеринбург Онлайн".
Сӯхтор дар хонаи истиқоматии зодагони Тоҷикистон, ки бо оилааш зиндагӣ мекард, сар задааст. Падари 36 - солаи хонавода мехост бо писари наврасаш мустақилона оташро хомӯш кунад, аммо натавонист. Сӯхторнишонҳоро шоҳидони ҳодиса даъват кардаанд.
Дар натиҷа, падар ва писари калонӣ тавонистанд аз хонаи сӯхта берун раванд, аммо кӯдаки хурдӣ, писари шашсола натавонист ва ҷасади ӯро сӯхта берун оварданд.
ВКД шарҳ дод, ки то ҳол ба модари писари фавтида дар бораи ин ҳодиса хабар надодаанд: вай барои нигоҳубини хешовандони бемораш ба Тоҷикистон рафтааст.
Ҳамчунин, сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар вилояти Свердловск Валерий Горелих шарҳ дод, ки ин оила дар Шӯъбаҳои кор бо ноболиғон ба қайд гирифта нашудааст.
Ба иттилои манбаъ, мутахассисон аллакай корашонро дар ҷойи ҳодиса анҷом додаанд ва феълан муфаттишон аз рӯи ин қазия кор бурда истодаанд.
Гуфта мешавад, ҳоло се фарзияи рӯйдод баррасӣ карда мешаванд: расиши ноқилҳои барқӣ, аз ҳад зиёд гарм шудани печ дар ванна ё муносибати беэҳтиётии таҷҳизоти печҳо.