Ато Муҳаммади Нур: Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер бояд чораҳои васеъ андешад

© из личного архива Атто Мухаммада НурЛидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Обуна шудан
Сиёсатмадори шинохта аз набудани таҷрибаи пешвои ҷавони муқовимат гуфт
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Яке аз пешвоёни шимол Атто Муҳаммади Нур бори аввал пас фирору чанде хомӯшӣ дар шабакаи хабарии Afghanistan International суханронӣ кард.
Вай гуфт, ки бори аввал Афғонистонро тарк кардааст ва ҳоло дар Дубай қарор дорад.
Ахмад Масуд младший, сын Ахмада Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сафир: Масъуди хурдӣ ҳокими қонунии Афғонистон аст
Волии собиқи Балх қайд кард, ки Панҷшер минтақаест, ки макони аз ҷиҳати стратегӣ муҳим дорад.
"Дар гузашта қаҳрамони миллии мо дар он ҷо меҷангид ва марҳум Раббонӣ тамоми сиёсатмадоронро муттаҳид кард, ҳама раҳбарон якҷо буданд. Аммо ҳоло дар Панҷшер чунин гап нест. Аҳмад Масъуд ҳанӯз ҷавон аст, таҷрибаи ҷангӣ надорад", - гуфт, сиёсатмадори афғон.
Вай афзуд, ки барои муқовимат бояд чораҳои миқёси калон андешида шаванд, як барномаи густарда лозим аст.
Бо вуҷуди ин Ато Нур ба Ҷабҳаи муқовимат муваффақият орзу кард.
Лентаи хабарҳо
0