https://sputnik.tj/20210831/tonkdor-tojik-harifon-qirghiz-shikast-1041988439.html
Тонкронҳои тоҷик аз ҳарифони қирғизашон шикаст хӯрданд
Тонкронҳои тоҷик аз ҳарифони қирғизашон шикаст хӯрданд
Sputnik Тоҷикистон
Тонкдорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ суръати хуб нишон доданд, аммо тирҳояшон ба нишон нарасиданд
2021-08-31T18:40+0500
2021-08-31T18:40+0500
2021-08-31T18:40+0500
амният ва мудофиа
қирғизистон
тоҷик
ҳадаф
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041986775_0:159:3079:1890_1920x0_80_0_0_e4ecc7b1828521bf8b7781b72b9a6e7c.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар даври нимниҳоии "Биотлони тонкӣ - 2021" тими тонкдорони Тоҷикистон аз рақибони қирғизашон шикаст хӯрданд. Сабаби асосии шикаст тирпаронии нодуруст мебошад, ки ҳеч як аз се ҳайати тонкронҳои тоҷик ба ҳадаф нарасиданд. Дар ҳоле ки қирғизҳо аз 24 ҳадаф ба 5 нишон расидаанд. Дар ҳайати аввали тонкронҳои Тоҷикистон - Саидмумин Муминов, Фируз Муродов ва Саидҷон Мирзоев шомил буданд. Ба далели даврҳои ҷаримавӣ ҳайати аввал аз рақибон 5 дақиқа ақиб монд, аммо тавонист то охир фарқиятро то 19 сония расонад. Тими дуюми Тоҷикистон - Некрӯз Одинабеков, Муслим Айдарбеков ва Комилҷон Шокиров аз дастаи Қирғизистон 6 дақиқа пеш гузаштанд, аммо зимни ҷобаҷогузории тирҳо ва нарасидан ба нишонҳо вақт талаф ёфт. Дар натиҷа тими Қирғизистон 2 соату 23 дақиқа ва тими Тоҷикистон натиҷаи 2 соату 38 дақиқаро нишон додааст. Ҳайати сеюми Тоҷикистон - Собирҷон Кабутов, Пайрав Давлатов ва Комрон Холматов гарчанде ба ягон нишон нарасид, суръати хуб нишон дод. Дар натиҷа тим қариб 14 дақиқа ақиб монд ва гарчанде суръати бад нишон надоданд, даврҳои ҷаримавиро аз ҳисоби нарасидан ба нишонҳо гирифтаанд. Ба даври ниҳоии сабқат дар дивизиони дуюм танҳо чор даста аз панҷ адад роҳ хоҳанд ёфт.
https://sputnik.tj/20210824/tojikiston-biatlon-tanki-rekord-1041860723.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041986775_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_8c3d169857900140a6b5fcb600213889.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тонк, қирғиз, байналмилалӣ, мусобиқа
тонк, қирғиз, байналмилалӣ, мусобиқа
Тонкронҳои тоҷик аз ҳарифони қирғизашон шикаст хӯрданд
Тонкдорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ суръати хуб нишон доданд, аммо тирҳояшон ба нишон нарасиданд
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар даври нимниҳоии "Биотлони тонкӣ - 2021" тими тонкдорони Тоҷикистон аз рақибони қирғизашон шикаст хӯрданд. Сабаби асосии шикаст тирпаронии нодуруст мебошад, ки ҳеч як аз се ҳайати тонкронҳои тоҷик ба ҳадаф нарасиданд. Дар ҳоле ки қирғизҳо аз 24 ҳадаф ба 5 нишон расидаанд.
Дар ҳайати аввали тонкронҳои Тоҷикистон - Саидмумин Муминов, Фируз Муродов ва Саидҷон Мирзоев шомил буданд. Ба далели даврҳои ҷаримавӣ ҳайати аввал аз рақибон 5 дақиқа ақиб монд, аммо тавонист то охир фарқиятро то 19 сония расонад.
Тими дуюми Тоҷикистон - Некрӯз Одинабеков, Муслим Айдарбеков ва Комилҷон Шокиров аз дастаи Қирғизистон 6 дақиқа пеш гузаштанд, аммо зимни ҷобаҷогузории тирҳо ва нарасидан ба нишонҳо вақт талаф ёфт.
Дар натиҷа тими Қирғизистон 2 соату 23 дақиқа ва тими Тоҷикистон натиҷаи 2 соату 38 дақиқаро нишон додааст.
Ҳайати сеюми Тоҷикистон - Собирҷон Кабутов, Пайрав Давлатов ва Комрон Холматов гарчанде ба ягон нишон нарасид, суръати хуб нишон дод.
Дар натиҷа тим қариб 14 дақиқа ақиб монд ва гарчанде суръати бад нишон надоданд, даврҳои ҷаримавиро аз ҳисоби нарасидан ба нишонҳо гирифтаанд.
Ба даври ниҳоии сабқат дар дивизиони дуюм танҳо чор даста аз панҷ адад роҳ хоҳанд ёфт.