https://sputnik.tj/20210831/tojikistonu-rusiya-nizom-mudofia-1041987444.html
Тоҷикистону Русия низоми ягонаи мудофиавӣ месозанд
Тоҷикистону Русия низоми ягонаи мудофиавӣ месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Созишномаи Тоҷикистону Русия дар мавриди ташкили низоми ягонаи мудофиаи ҳавоӣ дар ҷараёни тасвиб аст
2021-08-31T17:51+0500
2021-08-31T17:51+0500
2021-08-31T17:51+0500
амният ва мудофиа
вазорати мудофиа
дифоъ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102675/63/1026756303_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_d7699813bb07f6dbb30cc18d9ca28eed.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Генерал - полковник Юрий Грехов, ноиби раиси Кумитаи мудофиаи ҳавоии Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ аз таъсиси низоми ягонаи Русия ва Тоҷикистон хабар дод. "Созишнома дар бораи ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон, ки 27 апрели соли 2021 имзо шуд ва феълан расмиёти марбути тасвиби он идома дорад", - изҳор дошт Грехов зимни ҷаласаи Кумитаи мудофиаи ҳавоӣ. Ӯ афзудааст, расмиёти тавофуқи дохилидавлатии созишнома бо Қирғизистон низ дар мавриди низоми муштараки мудофиа дар ҳоли анҷомёбист. Баъди анҷоми ин кор созишнома барои имзо ба вазирони дифои кишварҳо пешниҳод хоҳад шуд, изҳор доштааст Грехов. "Корҳо барои татбиқи амалии созишнома миёни Русия, Арманистон ва Қазоқистон идома дорад", - афзуд генерал. Айни ҳол ба ҳайати низоми муштараки мудофиаи ҳавоии кишварҳои ИДМ 19 воҳиди ҳавоӣ, 38 қисми нерӯҳои мушакӣ, 15 қисми нерӯҳои радиотехникӣ, 9 гуруҳи мудофиаи ҳавоӣ ва 3 қисми муборизаи радиоэлектронӣ шомил мебошанд. Идораи ин воситаҳо аз ҷониби фармондеҳии миллии кишварҳо амалӣ шуда, ҳамоҳангии амалҳои муштарак аз ҷониби раиси Кумитаи ҳамоҳангсозии мудофиаи ҳавоӣ амалӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20210831/shoygu-afghoniston-vahim-arzyobi-1041984107.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102675/63/1026756303_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_d3fae32bb4544aac62186caa6e1ee852.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созишнома, тоҷикистон, русия, низом, ягона, мудофиа
созишнома, тоҷикистон, русия, низом, ягона, мудофиа
Тоҷикистону Русия низоми ягонаи мудофиавӣ месозанд
Созишномаи Тоҷикистону Русия дар мавриди ташкили низоми ягонаи мудофиаи ҳавоӣ дар ҷараёни тасвиб аст
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Генерал - полковник Юрий Грехов, ноиби раиси Кумитаи мудофиаи ҳавоии Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ аз таъсиси низоми ягонаи Русия ва Тоҷикистон хабар дод.
"Созишнома дар бораи ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон, ки 27 апрели соли 2021 имзо шуд ва феълан расмиёти марбути тасвиби он идома дорад", - изҳор дошт Грехов зимни ҷаласаи Кумитаи мудофиаи ҳавоӣ.
Ӯ афзудааст, расмиёти тавофуқи дохилидавлатии созишнома бо Қирғизистон низ дар мавриди низоми муштараки мудофиа дар ҳоли анҷомёбист. Баъди анҷоми ин кор созишнома барои имзо ба вазирони дифои кишварҳо пешниҳод хоҳад шуд, изҳор доштааст Грехов.
"Корҳо барои татбиқи амалии созишнома миёни Русия, Арманистон ва Қазоқистон идома дорад", - афзуд генерал.
Айни ҳол ба ҳайати низоми муштараки мудофиаи ҳавоии кишварҳои ИДМ 19 воҳиди ҳавоӣ, 38 қисми нерӯҳои мушакӣ, 15 қисми нерӯҳои радиотехникӣ, 9 гуруҳи мудофиаи ҳавоӣ ва 3 қисми муборизаи радиоэлектронӣ шомил мебошанд.
Идораи ин воситаҳо аз ҷониби фармондеҳии миллии кишварҳо амалӣ шуда, ҳамоҳангии амалҳои муштарак аз ҷониби раиси Кумитаи ҳамоҳангсозии мудофиаи ҳавоӣ амалӣ мешавад.