Дастури Раҳмон барои таъсиси лабораторияи фарҳанг ва маркази "Санъати мусиқии тоҷик"

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр культуры Таджикистана Давлатзода Зулфия Давлат
Министр культуры Таджикистана Давлатзода Зулфия Давлат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат барои таъсиси лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дастур додааст
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Таъсиси маркази электронии “Санъати мусиқии тоҷик” ва таъмини он бо таҷҳизоти зарурӣ аз дастуроти дигари Эмомалӣ Раҳмон будаанд, ки 31 август дар ҷаласаи Ҳукумат садо додаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати фарҳанг ва идораҳои дахлдор барои тайёр кардани кадрҳо дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар тибқи талаботи кадрӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои фарҳангу санъат ва табъу нашр супоришҳо додааст.
Ин дастуроти раисиҷумҳур баъди шунидани гузориши вазири фарҳанг, Зулфия Давлатзода дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ироа шуданд.
Вазир изҳор доштааст, ки Барнома низоми ягонаи тайёр кардани мутахассисони соҳа, ташаккули низоми устувори такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани самаранокии таҳсилот дар соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр ва тақвияти заминаи моддию техникӣ ва илмию методии муассисаҳои таълимиро ба роҳ мемонад.
Афганские женщины в ожидании выдачи помощи от правительства Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Толибон* дар Қандаҳор мусиқӣ ва садои занонро дар телевизион ва радио манъ намуданд
Зулфия Давлатзода ахиран дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷавонони Тоҷикистон” изҳор дошта буд, ки мушкилоти имрӯзаи соҳаи фарҳанг ин норасоии мутахассисони соҳавист.
“Ҳоло вазорат пайи ислоҳи ин камбудӣ саъй дошта, сол то сол пойгоҳи кадрии соҳа мустаҳкам ва мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар омода мегарданд”, - тавзеҳ дод вазир.
“Имрӯз дар миқёси мамлакат 785 муассисаҳои фарҳангӣ, яъне кохҳои фарҳанг дар маҳалҳо, бо шумори 3121 корманд фаъолият менамояд. Қисме аз онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дорад”, - афзуда буд ӯ.
Дар феҳрасти камбудиҳои дигари ҷиддӣ, ки ба гуфтаи вазир ба фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангӣ монеа эҷод мекунанд, ин дар сатҳи зарурӣ нарасидани асбобҳои мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз, мизу курсӣ, пардаю пешпардаҳои саҳнавӣ, ороишӣ, маҷмӯи асбобу анҷоми театрӣ, воситаҳои ҳамлу нақл, таҷҳизоти гармидиҳию зиддисӯхтор, камераҳои назоратӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0