https://sputnik.tj/20210831/qarzi-berunai-tojikiston-hatarnok-1041979591.html
Қарзи берунаи Тоҷикистон ба нуқтаи хатарнок наздик мешавад
Қарзи берунаи Тоҷикистон ба нуқтаи хатарнок наздик мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Қарзи берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон бо дарназардошти қарзҳои ҷалбшудаи нав ба 38,2 дарсади ММД кишвар расидааст
2021-08-31T14:25+0500
2021-08-31T14:25+0500
2021-08-31T14:25+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қарзҳо
ммд
хатарнок
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101832/43/1018324320_0:26:2000:1151_1920x0_80_0_0_8e7e7af0de2a26dbd5488e48ade00218.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Авеста” ҳадди қобили қабули қарзи берунаи Тоҷикистон 40 дарсади ММД-и кишварро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисобҳо, ин нишондиҳанда барои идораи қарз роҳат аст ва имкон медиҳад ба вобастагӣ гирифтор нашавад.Тибқи иттилои вазорати молияи кишвар, мутобиқи нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 3, миллиарду 256 миллион долларро ташкил медиҳад.Дар сохтори қарзи беруна беш аз 3,1 млрд. доллар ба қарзи давлатӣ рост меояд, ки хизматрасонии онро давлат кафолат медиҳад.Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи берунаи кишвар ҳамагӣ 96,3 миллион доллар ас.т тақрибан 31,5 миллион доллар қарзҳои корхонаҳои давлатӣ ҳастанд, ки кафолати ҳукуматӣ доранд.Қарз Бонки миллии Тоҷикистон назди Сандуқи байналмилалии пул, ки барои ҳифзи баробарии пардохтҳо ҷалб шуда буд 5,6 миллион долларро ташкил медиҳад.Тибқи “Стратегияи идорасозии қарзи давлатӣ” лимити номиналии қарзи беруна риоя мешавад, яъне ҳадди ниҳоии қарз набояд аз 40 дарсади ММД кишвар зиёд бошад. Ҳоло ҷумҳури барои расидан ба ҳадди ниҳоӣ наздик шудааст.
https://sputnik.tj/20201209/Bogdanov-guft-ki-maqomoti-Tojikiston-baroi-qarzi-beruna-az-kujo-megirad-1032418067.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101832/43/1018324320_223:0:2000:1333_1920x0_80_0_0_b7d20fb8fc0cc5f57b8521b230acbc7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қарзи беруна, иқтисод, пардохт, ммд
тоҷикистон, қарзи беруна, иқтисод, пардохт, ммд
Қарзи берунаи Тоҷикистон ба нуқтаи хатарнок наздик мешавад
Қарзи берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон бо дарназардошти қарзҳои ҷалбшудаи нав ба 38,2 дарсади ММД кишвар расидааст
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Авеста” ҳадди қобили қабули қарзи берунаи Тоҷикистон 40 дарсади ММД-и кишварро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисобҳо, ин нишондиҳанда барои идораи қарз роҳат аст ва имкон медиҳад ба вобастагӣ гирифтор нашавад.
Тибқи иттилои вазорати молияи кишвар, мутобиқи нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 3, миллиарду 256 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар сохтори қарзи беруна беш аз 3,1 млрд. доллар ба қарзи давлатӣ рост меояд, ки хизматрасонии онро давлат кафолат медиҳад.
Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи берунаи кишвар ҳамагӣ 96,3 миллион доллар ас.т тақрибан 31,5 миллион доллар қарзҳои корхонаҳои давлатӣ ҳастанд, ки кафолати ҳукуматӣ доранд.
Қарз Бонки миллии Тоҷикистон назди Сандуқи байналмилалии пул, ки барои ҳифзи баробарии пардохтҳо ҷалб шуда буд 5,6 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тибқи “Стратегияи идорасозии қарзи давлатӣ” лимити номиналии қарзи беруна риоя мешавад, яъне ҳадди ниҳоии қарз набояд аз 40 дарсади ММД кишвар зиёд бошад. Ҳоло ҷумҳури барои расидан ба ҳадди ниҳоӣ наздик шудааст.