https://sputnik.tj/20210831/hukumat-loihai-kodeksi-navi-andozro-tasdiq-kard-1041990825.html
Ҳукумат лоиҳаи Кодекси нави андозро тасдиқ кард
Ҳукумат лоиҳаи Кодекси нави андозро тасдиқ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси нави андози ҷумҳуриро тасдиқ ва барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод кард 31.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-31T19:37+0500
2021-08-31T19:37+0500
2021-08-31T19:37+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
маъмурӣ
кодекси андоз
андоз
технология
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041797767_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_4ca25282047b518dc43d9d456c143a47.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз лоиҳаи Кодекси нави андози кишвар ҷонибдорӣ карда, онро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон фиристод. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни гузориш аз натиҷаи ҷаласаи ҳукумат, ки 31 август таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, хабар додааст. Эмомалӣ Раҳмон ахиран изҳор дошта буд, ки мақсади таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав на зиёд намудани сарбории андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ, балки содаву шаффоф гардонидани маъмурикунонии он мебошад.Ӯ аз ҳадафҳои дигари таҳияи Кодекси ҷадид истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ва мусоидат ба густариши раванди саноатикунонии босуръати кишвар хонд."Ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ ҷиҳати таъмин намудани мувозинати қисми даромади буҷети давлатӣ тавассути пардохтҳои андозӣ яке аз вазифаҳои асосии Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ҳисоб меравад", - изҳор дошт раисиҷумҳур моҳи равон дар мулоқот бо кормандони бахши молия. Вазорати молия ва Кумитаи андоз муваззаф шуданд, ки ин масъалаҳои муҳимро дар фаъолияташон мавриди назар дошта бошанд.
https://sputnik.tj/20210730/kodeks-nav-andoz-bekor-kam-yakjoya-1041309295.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041797767_30:0:2761:2048_1920x0_80_0_0_47239d6cfec614aba18476ccd4165ebe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, маъмурӣ, кодекси андоз, андоз, технология
дар тоҷикистон, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, маъмурӣ, кодекси андоз, андоз, технология
Ҳукумат лоиҳаи Кодекси нави андозро тасдиқ кард
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси нави андози ҷумҳуриро тасдиқ ва барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз лоиҳаи Кодекси нави андози кишвар ҷонибдорӣ карда, онро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон фиристод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни гузориш аз натиҷаи ҷаласаи ҳукумат, ки 31 август таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, хабар додааст.
Эмомалӣ Раҳмон ахиран изҳор дошта буд, ки мақсади таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав на зиёд намудани сарбории андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ, балки содаву шаффоф гардонидани маъмурикунонии он мебошад.
Ӯ аз ҳадафҳои дигари таҳияи Кодекси ҷадид истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ва мусоидат ба густариши раванди саноатикунонии босуръати кишвар хонд.
"Ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ ҷиҳати таъмин намудани мувозинати қисми даромади буҷети давлатӣ тавассути пардохтҳои андозӣ яке аз вазифаҳои асосии Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ҳисоб меравад", - изҳор дошт раисиҷумҳур моҳи равон дар мулоқот бо кормандони бахши молия.
Вазорати молия ва Кумитаи андоз муваззаф шуданд, ки ин масъалаҳои муҳимро дар фаъолияташон мавриди назар дошта бошанд.