https://sputnik.tj/20210831/farmoni-registoni-panjsher-hamlai-avvali-tolibon-1041977719.html
Нахустин ҳамлаи мустақими "Толибон"* ба Панҷшер ва шикасташон аз нерӯҳои Регистонӣ
Нахустин ҳамлаи мустақими "Толибон"* ба Панҷшер ва шикасташон аз нерӯҳои Регистонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аввалин ҳамлаи мустақим ба дараи Паҷшерро ба шикаст мувоҷеҳ карданд
2021-08-31T12:44+0500
2021-08-31T12:44+0500
2021-08-31T12:47+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
панҷшер
ҳамлаи террористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041853895_0:42:720:447_1920x0_80_0_0_f21c1f71fc66cd40254af0b15d78bb9d.png
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Ин ҳамла барои “Толибон”* бо кушта ва захмӣ додани ҷангиёнаш ба итмом расид. Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, тариқи баёнияи видеоӣ дар шарҳи ин ҳамла гуфт, шаби гузашта дар самти Ғарби Даҳонаи Панҷшер “Толибон”* як ҳамла доштанд, шояд мехостанд дар ҳамла ба Панҷшер бахташонро биёзмоянд. Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар тафсили ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин даргирӣ аз ҷониби муқовимат нерӯҳои муҷоҳидин ва афсару сарбозони ҳукумати пешини Афғонистон ширкат доштанд.“Фармондеҳии амалиётро фармондеҳи низомии Ҷабҳаи муқовимат Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ раҳбарӣ мекард”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.Даҳана ё Тангии Панҷшер ягона роҳи содаи вуруд ба дараи Панҷшер аст, ки аз тарафи ғарби дара ҷойгир буда, дарвозаи асосии он ба шумор меояд. Ин тангӣ аз як роҳи мошингарди қиршуда иборат аст, ки аз канори он дарёи Панҷшер мегузарад ва тақрибан 50 метр тӯл дорад. Ин аввалин ҳамлаи мустақим ба Панҷшер, танҳо вилояти озод аз сайтараи “Толибон” аст, ки анҷом мешавад. Қаблан “Толибон”* талош карданд, ки тариқи Андаробҳои вилояти Бағлон ва дараи Шутули вилояти Панҷшер низ вориди дара шаванд, аммо ноком шуданд. Ҳоло гузоришҳое ҳам аз як даргирӣ дар вулусволии Калафгони вилояти Тахор мерасанд, ки тафсилоташон дар даст нест.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210831/general-korvon-tolibon-torumor-kushta-zahmi-asir-1041975560.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041853895_9:0:720:533_1920x0_80_0_0_f525fa949e7ceb6975bb0e0c4e26abe9.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабҳа, муқовимат, толибон, афғонистон, панҷшер
ҷабҳа, муқовимат, толибон, афғонистон, панҷшер
Нахустин ҳамлаи мустақими "Толибон"* ба Панҷшер ва шикасташон аз нерӯҳои Регистонӣ
12:44 31.08.2021 (Навсозишуда: 12:47 31.08.2021) Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аввалин ҳамлаи мустақим ба дараи Паҷшерро ба шикаст мувоҷеҳ карданд
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Ин ҳамла барои “Толибон”* бо кушта ва захмӣ додани ҷангиёнаш ба итмом расид.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, тариқи баёнияи видеоӣ дар шарҳи ин ҳамла гуфт, шаби гузашта дар самти Ғарби Даҳонаи Панҷшер “Толибон”* як ҳамла доштанд, шояд мехостанд дар ҳамла ба Панҷшер бахташонро биёзмоянд.
“Фазли Худо, бахт ҳамроҳашон ёр набуд. 7 – 8 нафар кушта доданд, чанд нафар захмӣ доданд. Як – ду нафар аз нерӯҳои муқовимат низ захмӣ шуданд. Ҳамватанони азиз ташвиш надошта бошанд”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар тафсили ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин даргирӣ аз ҷониби муқовимат нерӯҳои муҷоҳидин ва афсару сарбозони ҳукумати пешини Афғонистон ширкат доштанд.
“Фармондеҳии амалиётро фармондеҳи низомии Ҷабҳаи муқовимат Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ раҳбарӣ мекард”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Даҳана ё Тангии Панҷшер ягона роҳи содаи вуруд ба дараи Панҷшер аст, ки аз тарафи ғарби дара ҷойгир буда, дарвозаи асосии он ба шумор меояд. Ин тангӣ аз як роҳи мошингарди қиршуда иборат аст, ки аз канори он дарёи Панҷшер мегузарад ва тақрибан 50 метр тӯл дорад.
Ин аввалин ҳамлаи мустақим ба Панҷшер, танҳо вилояти озод аз сайтараи “Толибон” аст, ки анҷом мешавад. Қаблан “Толибон”* талош карданд, ки тариқи Андаробҳои вилояти Бағлон ва дараи Шутули вилояти Панҷшер низ вориди дара шаванд, аммо ноком шуданд. Ҳоло гузоришҳое ҳам аз як даргирӣ дар вулусволии Калафгони вилояти Тахор мерасанд, ки тафсилоташон дар даст нест.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар