https://sputnik.tj/20210830/tojikistonu-uzbekiston-hati-marz-guftugu-1041958487.html
Шарҳи вазорати хориҷа аз музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди марз
Шарҳи вазорати хориҷа аз музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди марз
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсионии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид 30.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-30T11:00+0500
2021-08-30T11:00+0500
2021-08-30T11:00+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
марз
музокирот
гузаргоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_130:24:1000:513_1920x0_80_0_0_7ca157bb59ba1a744dd95308a43e6b25.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсионии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо корҳои демаркатсионӣ дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.Гуфта шудааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо натиҷаи корҳои саҳроиро, ки дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардида буд, баррасӣ намуда, барои идомаи он ва омодасозии хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ба мувофиқа расиданд.Қайд карда шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.Сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1332,9 км дарозӣ дорад. Аз он сарҳади дарёӣ 105 км ва хушкигард 1227,98 км мебошанд.Тибқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз соли 2002, дар Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуданд. Аз он нӯҳ гузаргоҳи сарҳадӣ мақоми байналмилалӣ ва ҳафт гузаргоҳи боқимонда мақоми дутарафа дошта, чор гузаргоҳи сарҳадӣ барои нақлиёти роҳи оҳан кушода мебошанд. Дувоздаҳ гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилояти Суғд ҷойгир буда, чортои дигараш дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Турсунзода қарор доранд. Як роҳи автомобилии асосӣ ва шохаи роҳи оҳан аз қисми ғарбии Ӯзбекистон ба қисми шарқии он, ки сипас ба ҳудуди Қирғизистон мебароянд, аз ҳудуди Тоҷикистон мегузаранд.Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зарурати муайян намудани хатти Сарҳади давлатӣ (делимитатсия) бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вуҷуд омад.Бо ин мақсад, соли 2000 аз ҷониби ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкил гардид. То соли 2002 аз ҷониби Комиссияи муштарак хати гузариши Сарҳади давлатӣ дар 86% Сарҳади давлатии умумӣ муайян карда шуда, вобаста ба он Аҳднома дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид.Дар ҳамин ҳол, Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, зимни ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон дар мавриди марз бо Ӯзбекистон гуфт, қисматҳои номуайяни марз асосан дар минтақаҳое боқӣ мондаанд, ки се кишвар ба ҳам меояндРаиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки бо Ӯзбекистон 1 ҳазору 326 километр марзи муштарак мавҷуд аст, ки аз ин 1319 километр пурра муайян гардидааст.
https://sputnik.tj/20210829/muzokirot-yakhaftaina-marzi-tojikiston-uzbekiston-1041950529.html
https://sputnik.tj/20210817/alomatguzori-marz-tojikiston-uzbekiston-1041679962.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_357:35:1000:517_1920x0_80_0_0_d1d9391cad5126fac978b7cac7af26b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ӯзбекистон, марз, музокирот, гузаргоҳ
дар тоҷикистон, ӯзбекистон, марз, музокирот, гузаргоҳ
Шарҳи вазорати хориҷа аз музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди марз
Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсионии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсионии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо корҳои демаркатсионӣ дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Гуфта шудааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо натиҷаи корҳои саҳроиро, ки дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардида буд, баррасӣ намуда, барои идомаи он ва омодасозии хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ба мувофиқа расиданд.
Қайд карда шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1332,9 км дарозӣ дорад. Аз он сарҳади дарёӣ 105 км ва хушкигард 1227,98 км мебошанд.
Тибқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз соли 2002, дар Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуданд. Аз он нӯҳ гузаргоҳи сарҳадӣ мақоми байналмилалӣ ва ҳафт гузаргоҳи боқимонда мақоми дутарафа дошта, чор гузаргоҳи сарҳадӣ барои нақлиёти роҳи оҳан кушода мебошанд.
Дувоздаҳ гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилояти Суғд ҷойгир буда, чортои дигараш дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Турсунзода қарор доранд. Як роҳи автомобилии асосӣ ва шохаи роҳи оҳан аз қисми ғарбии Ӯзбекистон ба қисми шарқии он, ки сипас ба ҳудуди Қирғизистон мебароянд, аз ҳудуди Тоҷикистон мегузаранд.
Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зарурати муайян намудани хатти Сарҳади давлатӣ (делимитатсия) бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вуҷуд омад.
Бо ин мақсад, соли 2000 аз ҷониби ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкил гардид. То соли 2002 аз ҷониби Комиссияи муштарак хати гузариши Сарҳади давлатӣ дар 86% Сарҳади давлатии умумӣ муайян карда шуда, вобаста ба он Аҳднома дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид.
Дар ҳамин ҳол, Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, зимни ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон дар мавриди марз бо Ӯзбекистон гуфт, қисматҳои номуайяни марз асосан дар минтақаҳое боқӣ мондаанд, ки се кишвар ба ҳам меоянд
Раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки бо Ӯзбекистон 1 ҳазору 326 километр марзи муштарак мавҷуд аст, ки аз ин 1319 километр пурра муайян гардидааст.