Шабҳои сарди Бадахшону гармиҳои Душанбе: пешгӯии дақиқи обуҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Обуна шудан
Тибқи пешгӯии обуҳавошиносони тоҷик ҳаво дар шаҳри Душанбе ҳаво то +36 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то +15 ва рӯзона то +29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона то +6 дар баъзе минтақаҳо то 0-5 хунук, рӯзона то +17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то +21 ва рӯзона то +36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона то +11 дараҷа гарм ва рӯзона то +25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то +21 ва рӯзона то +39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона то +19 ва рӯзона то 32 дараҷа гарм мешавад.
Женщина в медицинской маске на Трубной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то +17 дараҷа ва рӯзона то +37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона то +30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона то +16 ва рӯзона то +36 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0