https://sputnik.tj/20210830/panjsher-kushta-zahmi-tolib-andarobho-1041957717.html
Мехостанд вориди Панҷшер шаванд: кушта ва захмӣ шудани даҳҳо толиб дар Андаробҳо
Мехостанд вориди Панҷшер шаванд: кушта ва захмӣ шудани даҳҳо толиб дар Андаробҳо
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи даргирӣ миёни неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва гуруҳи Толибон* дар вилояти Бағлон даҳҳо толиб куштаву захмӣ шудаанд
2021-08-30T09:45+0500
2021-08-30T09:45+0500
2021-08-30T09:48+0500
афғонистон
толибон
шикаст
панҷшер
осиёи марказӣ
муқовимат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900262_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d4e7f29aaabecf16bfb9d73efd800ef7.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Ин даргирӣ дар қаламрави Андаробҳои ин вилоят рух дода, хезишҳои мардумии Андароб таҳти фармони Ғанӣ Туғрал, маъруф ба Туғрали Андароб, ҳудуди 50 толибро куштаву захмӣ ба ҷой гузоштаанд.Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат, дар тафсили ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, неруҳои фармондеҳи мардумӣ Туғрали Андароб ба тарафи Дараи Сароб ва Самандони вулусволии Пули Ҳисор дар масири кутали Ховоки Панҷшер ақибнишинии тактикӣ карда, нерӯҳои “Толибон” - ро ба дом андохтаанд."Толибон* ба думбол онҳо омада, мехостанд, ки вориди ҷанг дар хатҳои дифоъии Панҷшер шаванд. Аммо дар як ҳамлаи чирикӣ тавассути неруҳои Андароб чунон ғофилгир ва зарбаву торумор шуданд, ки даҳҳо нафарашон кушта шуд ва шуморе аз ҷасадҳои онҳо дар кӯҳҳо боқӣ монда, ҳудуди даҳ мошин ҷасади дигарашонро тавонистанд аз Андароб берун кунанд”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.Ҷангҳо сари Андаробҳои вилояти Бағлон як ҳафта ба ин сӯ идома доранд.Дар ҳоли ҳозир, се вулусволии ин вилоят – Пули Ҳисор, Деҳ Салоҳ ва Бану таҳти назорати Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қарор доранд.Минтақаи Андаробҳо дар қисмати шимолу шарқии Паҷшер воқеъ буда, яке аз масирҳои осонгузар ба ин дара аст, ки ҳоло маркази муқовимати нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд шудааст ва ба ҷуз муҷоҳидини Панҷшер, боқимондаи нерӯҳои Урдуи миллии Афғонистон, гуруҳҳои аз дасти “Толибон” ба саломат мондаи вилоятҳои дигари Афғонистон дар ин дара ҷамъ омадаанд.Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, нерӯҳои ин ҷабҳа дар ҳоли ҳозир ба ҷуз Панҷшер ва Андаробҳои вилояти Бағлон, Куҳистони вилояти Парвон, бахшҳое аз вилоятҳои Нуристон, Бадахшон ва Тахорро низ таҳти назорат дорад.Панҷшер танҳо вилояти Афғонистон аст, ки то ба ҳол таҳти сайтараи “Толибон” нест. Ин гуруҳ то ба ҳол талош накардааст, то ин вилояти саркашро низ ишғол кунад.
https://sputnik.tj/20210829/fishorho-tolibon-panjsher-shabakaho-muhobaroti-qat-1041954448.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900262_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4b1746393d73e2306053a1fa785c2788.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, панҷшер, андароб, толибон, ҷанг, аҳмад масъуд
афғонистон, панҷшер, андароб, толибон, ҷанг, аҳмад масъуд
Мехостанд вориди Панҷшер шаванд: кушта ва захмӣ шудани даҳҳо толиб дар Андаробҳо
09:45 30.08.2021 (Навсозишуда: 09:48 30.08.2021) Дар пайи даргирӣ миёни неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва гуруҳи Толибон* дар вилояти Бағлон даҳҳо толиб куштаву захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Ин даргирӣ дар қаламрави Андаробҳои ин вилоят рух дода, хезишҳои мардумии Андароб таҳти фармони Ғанӣ Туғрал, маъруф ба Туғрали Андароб, ҳудуди 50 толибро куштаву захмӣ ба ҷой гузоштаанд.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат, дар тафсили ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, неруҳои фармондеҳи мардумӣ Туғрали Андароб ба тарафи Дараи Сароб ва Самандони вулусволии Пули Ҳисор дар масири кутали Ховоки Панҷшер ақибнишинии тактикӣ карда, нерӯҳои “Толибон” - ро ба дом андохтаанд.
"Толибон* ба думбол онҳо омада, мехостанд, ки вориди ҷанг дар хатҳои дифоъии Панҷшер шаванд. Аммо дар як ҳамлаи чирикӣ тавассути неруҳои Андароб чунон ғофилгир ва зарбаву торумор шуданд, ки даҳҳо нафарашон кушта шуд ва шуморе аз ҷасадҳои онҳо дар кӯҳҳо боқӣ монда, ҳудуди даҳ мошин ҷасади дигарашонро тавонистанд аз Андароб берун кунанд”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Ҷангҳо сари Андаробҳои вилояти Бағлон як ҳафта ба ин сӯ идома доранд.
Дар ҳоли ҳозир, се вулусволии ин вилоят – Пули Ҳисор, Деҳ Салоҳ ва Бану таҳти назорати Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қарор доранд.
Минтақаи Андаробҳо дар қисмати шимолу шарқии Паҷшер воқеъ буда, яке аз масирҳои осонгузар ба ин дара аст, ки ҳоло маркази муқовимати нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд шудааст ва ба ҷуз муҷоҳидини Панҷшер, боқимондаи нерӯҳои Урдуи миллии Афғонистон, гуруҳҳои аз дасти “Толибон” ба саломат мондаи вилоятҳои дигари Афғонистон дар ин дара ҷамъ омадаанд.
Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, нерӯҳои ин ҷабҳа дар ҳоли ҳозир ба ҷуз Панҷшер ва Андаробҳои вилояти Бағлон, Куҳистони вилояти Парвон, бахшҳое аз вилоятҳои Нуристон, Бадахшон ва Тахорро низ таҳти назорат дорад.
Панҷшер танҳо вилояти Афғонистон аст, ки то ба ҳол таҳти сайтараи “Толибон” нест. Ин гуруҳ то ба ҳол талош накардааст, то ин вилояти саркашро низ ишғол кунад.