https://sputnik.tj/20210830/oilai-boytarini-rusiya-ruyhati-forbes-1041964950.html
Эълони 10 оилаи бойтарини Русия - рӯйхати Forbes
Эълони 10 оилаи бойтарини Русия - рӯйхати Forbes
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамсарон Татяна ва Владислав Бакалчук дар садри рӯйхати доротарин оилаҳои Русия қарор гирифтаанд
2021-08-30T15:00+0500
2021-08-30T15:00+0500
2021-08-30T15:00+0500
иқтисод
дороӣ
ширкат
доллар
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101408/40/1014084076_0:27:1601:927_1920x0_80_0_0_8f9e04afb66ded86052a89535d0af74d.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Татьяна ва Владислав Бакалчук, ки ҳаммуассиси ширкати Wildberries мебошанд, бо дороии беш аз 13,1 миллиард доллар, миёни оилаҳои соҳибкор ҷои аввалро гирифтанд, гузориш дод Forbes. Маҷмӯи дороиҳои даҳ оилаи бойтарини Русия тайи як соли охир 16,1 миллиард доллар афзуда, ба 42,9 миллиард доллар баробар шуд, навиштааст маҷалла. Дар ҷои дуюм оилаи Гуревҳо, аз моликони "Фосагро" қарор қарор гирифтаанд, ки дороияшон тайи як соли охир қариб 1,8 миллиард доллар афзоиш ёфта, ба 6,9 миллиард доллар расид. Мақоми сеюмро оилаи Ротенбергҳо ("Мостотрест") соҳиб шудаанд, ки моликияташон тайи соли гузашта ним миллиард доллар афзоиш ёфта, ба 5,95 миллиард доллари амрикоӣ расидааст. Ба панҷгона инчунин Гутсериевҳо (гуруҳи "Сафмар") бо 3,7 миллиард доллар ва Евтушенковҳо АФК "Система") бо 3,2 миллиард доллар шомил шуданд. Дар даҳгонаи бойтарин оилаҳои Русия инчунин Шаймиевҳо, моликони ширкати ТАИФ бо дороии $3 млрд), Раҳимқуловҳо (Kafijat) бо дороии $1,95 млрд, Бажаевҳо (гуруҳи "Алянс") бо дороии 1,75 млрд доллар, Линников ("Мираторг") $1,7 млрд ва оилаи Саркисовҳо (гуруҳи РЕСО) бо дороии $1,65 миллиард ном бурда шудангд. Дар радабандӣ оилаҳое ҷамъ оварда шудаанд, ки дар бахши хусусӣ фаъолият мекунанд. Камбағалтарин оилаи ин радабандӣ 1,65 миллиард доллари амрикоиро соҳиб мебошад, таъкид кардаанд муаллифони радабандӣ.
https://sputnik.tj/20201220/Dukhtarchai-shashsolai-rus-ba-dagonai-sarvatmandtarin-blogerho-shomil-shud-1032487131.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101408/40/1014084076_164:0:1435:953_1920x0_80_0_0_b7fbb0577289616091699c4744ab23f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, рӯйхат, форбс, бой, пул
эълон, рӯйхат, форбс, бой, пул
Эълони 10 оилаи бойтарини Русия - рӯйхати Forbes
Ҳамсарон Татяна ва Владислав Бакалчук дар садри рӯйхати доротарин оилаҳои Русия қарор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Татьяна ва Владислав Бакалчук, ки ҳаммуассиси ширкати Wildberries мебошанд, бо дороии беш аз 13,1 миллиард доллар, миёни оилаҳои соҳибкор ҷои аввалро гирифтанд, гузориш дод Forbes.
Маҷмӯи дороиҳои даҳ оилаи бойтарини Русия тайи як соли охир 16,1 миллиард доллар афзуда, ба 42,9 миллиард доллар баробар шуд, навиштааст маҷалла.
Дар ҷои дуюм оилаи Гуревҳо, аз моликони "Фосагро" қарор қарор гирифтаанд, ки дороияшон тайи як соли охир қариб 1,8 миллиард доллар афзоиш ёфта, ба 6,9 миллиард доллар расид.
Мақоми сеюмро оилаи Ротенбергҳо ("Мостотрест") соҳиб шудаанд, ки моликияташон тайи соли гузашта ним миллиард доллар афзоиш ёфта, ба 5,95 миллиард доллари амрикоӣ расидааст.
Ба панҷгона инчунин Гутсериевҳо (гуруҳи "Сафмар") бо 3,7 миллиард доллар ва Евтушенковҳо АФК "Система") бо 3,2 миллиард доллар шомил шуданд.
Дар даҳгонаи бойтарин оилаҳои Русия инчунин Шаймиевҳо, моликони ширкати ТАИФ бо дороии $3 млрд), Раҳимқуловҳо (Kafijat) бо дороии $1,95 млрд, Бажаевҳо (гуруҳи "Алянс") бо дороии 1,75 млрд доллар, Линников ("Мираторг") $1,7 млрд ва оилаи Саркисовҳо (гуруҳи РЕСО) бо дороии $1,65 миллиард ном бурда шудангд.
Дар радабандӣ оилаҳое ҷамъ оварда шудаанд, ки дар бахши хусусӣ фаъолият мекунанд. Камбағалтарин оилаи ин радабандӣ 1,65 миллиард доллари амрикоиро соҳиб мебошад, таъкид кардаанд муаллифони радабандӣ.