https://sputnik.tj/20210830/muassisaho-bahsh-ghizoi-rusiya-muhojiron-1041973185.html
Муассисаҳои бахши ғизои умум дар Русия хостори ҷалби бештари муҳоҷирон шуданд
Муассисаҳои бахши ғизои умум дар Русия хостори ҷалби бештари муҳоҷирон шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Бахши ғизои умум дар пайи соҳаҳои сохтмон ва кишоварзӣ аз камбуди кормандон шикоят кард
2021-08-30T20:35+0500
2021-08-30T20:35+0500
2021-08-30T20:59+0500
муҳоҷират
маскав
тақвияти истеҳсолии корхонаи талко
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102258/12/1022581294_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_c2f01259c16a0cba45058c2a466fbf2d.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Моликони муассисаи ғизои умум бо як дархост аз Ҳукумати Русия хостаанд барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон ба онҳо иҷозат диҳад. Ташаббускори муроҷиат ба сарвазир, Михаил Мишустин, президенти Ассотсиатсияи корхонаҳои бозори моҳӣ, Виталий Корнев мебошад, хабар дод "Коммерсант".Аз Ҳукумати Русия дархост кардаанд, ки ба корфармоёни бахш иҷозат диҳанд, то барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳиясозии патент ва пардохти хароҷоти он иқдом кунанд. Сергей Миронов, роҳбари Кумитаи тиҷорат дар бахши тарабхонаҳо дар Маскав, мегӯяд, теъдоди кормандони хориҷӣ дар муассисаҳои ғизои умум вобаста аз навъи муассиса аз 20 то 90 дарсадро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар замони пандемия ин соҳа ҳудуди 30 дарсади кормандонашро аз даст дод. Инчунин зикр шудааст, ки бо вуҷуди аз сар гирифтани парвозҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ теъдоди кормандон ҳанӯз кофӣ нест, чун таҳияи аснод баъзан то як моҳ ва гоҳо зиёда аз онро дар бар мегирад. Мудири Restcon, Елена Перепелитса, мегӯяд, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон равандро шаффоф карда, ба моликони тарабхона имкон медиҳад, то хароҷоти марбути таҳияи асноди муҳоҷирони меҳнатиро ба хароҷоташон ворид созад ва аз фоидаашон пардохт накунанд.
https://sputnik.tj/20210802/sobyanin-afzoish-tavarrus-rusiyaro-muhojiron-1041352613.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102258/12/1022581294_186:0:907:541_1920x0_80_0_0_b20f9060846582feede18af8e5f03876.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бахш, ғизо, умум, кишоварзӣ, муҳоҷирон, камбуди коргар
бахш, ғизо, умум, кишоварзӣ, муҳоҷирон, камбуди коргар
Муассисаҳои бахши ғизои умум дар Русия хостори ҷалби бештари муҳоҷирон шуданд
20:35 30.08.2021 (Навсозишуда: 20:59 30.08.2021) Бахши ғизои умуми Русия дар пайи соҳаҳои сохтмон ва кишоварзӣ аз камбуди кормандон шикоят кард
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Моликони муассисаи ғизои умум бо як дархост аз Ҳукумати Русия хостаанд барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон ба онҳо иҷозат диҳад.
Ташаббускори муроҷиат ба сарвазир, Михаил Мишустин, президенти Ассотсиатсияи корхонаҳои бозори моҳӣ, Виталий Корнев мебошад, хабар дод "Коммерсант".
Аз Ҳукумати Русия дархост кардаанд, ки ба корфармоёни бахш иҷозат диҳанд, то барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳиясозии патент ва пардохти хароҷоти он иқдом кунанд.
Сергей Миронов, роҳбари Кумитаи тиҷорат дар бахши тарабхонаҳо дар Маскав, мегӯяд, теъдоди кормандони хориҷӣ дар муассисаҳои ғизои умум вобаста аз навъи муассиса аз 20 то 90 дарсадро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар замони пандемия ин соҳа ҳудуди 30 дарсади кормандонашро аз даст дод.
Инчунин зикр шудааст, ки бо вуҷуди аз сар гирифтани парвозҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ теъдоди кормандон ҳанӯз кофӣ нест, чун таҳияи аснод баъзан то як моҳ ва гоҳо зиёда аз онро дар бар мегирад.
Мудири Restcon, Елена Перепелитса, мегӯяд, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон равандро шаффоф карда, ба моликони тарабхона имкон медиҳад, то хароҷоти марбути таҳияи асноди муҳоҷирони меҳнатиро ба хароҷоташон ворид созад ва аз фоидаашон пардохт накунанд.