Жириновский вазъи Афғонистонро "сактаи қалби Осиё" хонду аз ноуҳдабароии "табибон" гуфт

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузариш ба медиабонкРуководитель фракции ЛДПР Владимир Жириновский
Руководитель фракции ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Обуна шудан
Сиёсатмадори Русия бо истифода аз ташбеҳ вазъ дар Афғонистонро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал - демократи Русия вазъ дар Афғонистонро ба беморӣ ташбеҳ дода, аз ноуҳдабаронии "табибони амрикоӣ" интиқод кард.
"Агар Афғонистон аз рӯи ҷойгиршавии ҷуғрофияш қалби Осиё бошад, вазъи ҳозира дар он сактаи дилро мемонад", - тасвир кардааст Жириновский вазъи ин кишварро дар сащифааш дар Telegram.
Ба гуфтаи сиёсатмадор "табибони қалб" аз ИМА ноуҳдабароияшонро нишон доданд.
Взлетно-посадочная полоса международного аэропорта имени Хамида Карзая в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Таркиши навбатӣ дар наздикии фурудгоҳи Кобул - навор
Ӯ ҳушдор додаст, ки ин беморӣ метавонад паҳншавии терроризмро дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ дар пай дошта бошад.
"Барои ин аллакай ДИИШ* - ро дар шимоли Афғонистон фаъол карданд, уйғурҳои Чинро таҳрик дода истодаанд, шиддат дар марз бо Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон афзоиш ёфта истодааст", - илова намуд вакил.
Жириновский ҳамчунин афзуд, ки таҳлили ботафсили вазъи Афғонистонро дар барномаи "Шоми якшанбе бо Владимиром Соловёв" баён хоҳад дошт.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0