Бе Эрон, Покистон, Тоҷикистон намешавад: Лавров мухолифи ҳалли қазияи Афғонистон дар G20

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Обуна шудан
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, бидуни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрону Покистон баррасии ҳалли қазияи Афғонистон комил нахоҳад буд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Сергей Лавров дар ҷараёни музокирот бо ҳамтои итолиёвияш, Луиҷи Ди Майо назарашро ба дурнамои ҳалли қазияи Афғонистон баён дошт.
Вазири умури хориҷии Русия ҳалли қазияи Афғонистонро дар доираи G20 ғайриимкон хонд. Далелашро Лавров дар набудани кишварҳои Осиёи Миёна ва инчунин Эрону Покистон дар ин формат гуфт.
"Ман аллакай 5 кишвари Осиёи Марказиро гуфтам, ки ба бистгонаи G20 ворид нестанд. Эрону Покистон ба гуруҳ шомил нест. Бидуни онҳо баррасии вазъи Афғонистон комил нахоҳад буд", - изҳор дошт Лавров дар пайи мулоқот бо ҳамтои итолиёвияш.
Ӯ афзуд, ҳамкорони итолиёвияшон изҳори омодагӣ карданд, ки сари формати мувофиқи баррасии масъалаи Афғонистон андеша хоҳанд кард.
Сергей Лавров изҳор дошт, ки дар ояндаи наздик масоили Афғонистонро дар доираи СААД ва СҲШ баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ нимаи моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Толибон боз як овозхони номии Афғонистонро бераҳмона куштанд
"Омода хоҳем буд, ки пешниҳодҳои мушаххаси ҷониби итолиёвиро баррасӣ кунем, ки чӣ нақше бистгона метавонад дар ҳалли қазияи Афғонистон дошта бошад", - афзуд ӯ.
Толибон* дар пайи забти марзҳою марказҳои музофотҳо 15 август вориди Кобул шуда, 16 август аз анҷоми ҷанг дар кишвар хабар доданд. Феълан Панҷшер ягона музофоти берун аз тасаллути Толибон* аст, ки нерӯҳои зидди ин ҳаракат дар он ҷамъ омадаанд. Ҳарду ҷониб ҳам таъкид ба музокирот мекунанд, аммо омодагияшонро ба гузинаи низомӣ низ баён медоранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0