https://sputnik.tj/20210829/avval-boziho-kishvarho-idm-ishtiroki-varzishgar-tojikiston-1041951842.html
Аввалин бозиҳои кишварҳои ИДМ бо иштироки даҳҳо варзишгари тоҷик дар Қазон
Аввалин бозиҳои кишварҳои ИДМ бо иштироки даҳҳо варзишгари тоҷик дар Қазон
Sputnik Тоҷикистон
Нахустин Бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил - ИДМ бо ҳузури 80 варзишгари Тоҷикистон баргузор мешаванд
2021-08-29T13:30+0500
2021-08-29T13:30+0500
2021-08-29T13:30+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
сабқат
идм
зӯрозмоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102404/42/1024044286_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_1c06bdbfbe4b9dbe2795e5880e36e8fd.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ аз 4 то 11 сентябр дар шаҳри Қазон баргузор мешаванд. Ба иттилои манбаъ, дар зӯрозмоиҳо ҳудуди 1 ҳазору 500 варзишгар аз 10 кишвар сабқат мекунанд. Дар феҳрасти кишварҳои иштирокдор аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркменистон ва Ӯзбекистон ном бурда шуд.Мусобиқа барои 184 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 16 намуди варзиш баргузор мегардад. Аз ҷумла зӯрозмоиҳо дар риштаи бадминтон, баскетбол, бокс, куштии камарбандӣ, ҷудо, каратэ, кураш, тенниси рӯи миз, тирпаронӣ, тирпаронии қурс, самбо, куштии варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ сурат мегиранд. Синни варзишгарон аз 14 то 23 муайян шудааст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 80 варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш намояндагӣ мекунанд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зикр намудааст, тасмими ташкили Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон соли 2019 қабул гардида, бояд соли 2020 баргузор мешуданд. Аммо ба далели пандемия, ки ҷаҳонро фаро гирифт, баргузории ин мусобиқа таҳти дастгирии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ИДМ ба соли 2021 ба таъхир андохта шуд.
https://sputnik.tj/20210826/natijahoi-davr-habdahum-liga-oli-tojikiston-1041905609.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102404/42/1024044286_55:0:776:541_1920x0_80_0_0_8c3629073a71e95963ced8361c7d8d79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
варзиш, идм, тоҷикистон, баргузор
варзиш, идм, тоҷикистон, баргузор
Аввалин бозиҳои кишварҳои ИДМ бо иштироки даҳҳо варзишгари тоҷик дар Қазон
Нахустин Бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил - ИДМ бо ҳузури 80 варзишгари Тоҷикистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ аз 4 то 11 сентябр дар шаҳри Қазон баргузор мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар зӯрозмоиҳо ҳудуди 1 ҳазору 500 варзишгар аз 10 кишвар сабқат мекунанд. Дар феҳрасти кишварҳои иштирокдор аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркменистон ва Ӯзбекистон ном бурда шуд.
Мусобиқа барои 184 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 16 намуди варзиш баргузор мегардад. Аз ҷумла зӯрозмоиҳо дар риштаи бадминтон, баскетбол, бокс, куштии камарбандӣ, ҷудо, каратэ, кураш, тенниси рӯи миз, тирпаронӣ, тирпаронии қурс, самбо, куштии варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ сурат мегиранд.
Синни варзишгарон аз 14 то 23 муайян шудааст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 80 варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш намояндагӣ мекунанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зикр намудааст, тасмими ташкили Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон соли 2019 қабул гардида, бояд соли 2020 баргузор мешуданд. Аммо ба далели пандемия, ки ҷаҳонро фаро гирифт, баргузории ин мусобиқа таҳти дастгирии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ИДМ ба соли 2021 ба таъхир андохта шуд.