https://sputnik.tj/20210829/amriko-hamla-intihori-furudgoh-kobul-peshgiri-1041956781.html
Амрико аз ҳамлаи интиҳорӣ дар фурудгоҳи Кобул пешгирӣ кард: мошини маргталабонро тарконд
Амрико аз ҳамлаи интиҳорӣ дар фурудгоҳи Кобул пешгирӣ кард: мошини маргталабонро тарконд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони амрикоӣ мегӯянд, дар фурудгоҳи Кобули Афғонистон аз як ҳамлаи маргталабон пешгирӣ карда шуд 29.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-29T20:00+0500
2021-08-29T20:00+0500
2021-08-29T20:00+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
амрико
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041924138_0:154:1326:900_1920x0_80_0_0_f2c52176bf2da8df7b1b0ccfb4ea494a.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Амрико ба хотири маҳв намудани чанд маргталаб, ки қасди худро дар фурудгоҳи шаҳри Кобул тарконданро доштанд, пешгирӣ кард.Манобеи Ассошиэйтед Пресс бо истинод ба мансабдорони амрикоӣ хабар дод, ки ИМА дар Кобул зарбаи ҳавопаймои бесарнишинро роҳандозӣ кард ва маргталабонро безарар гардонд.Ба иттилои манбаъ, зарба ба мошине зада шудааст, ки дар он "чанд маргталаб" савор буданд ва ҳадафи пиёда намудани таркиш дар фурудгоҳи Кобулро доштанд.Қаблан ин оҷонсӣ бо такя ба намояндаи Толибон* хабар дода буд, ки ҳадафи зарбаи Амрико дар Кобули Афғонистон як маргталабе буд, ки қасд дошт ба фурудгоҳи пойтахт ҳамла кунад.Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо расиданд, ки бар асари ҳамлаи мушакӣ як кӯдак ҷон аз даст дод ва ҳамзамон се нафари дигар шадидан маҷрӯҳ гардиданд.Ба навиштаи аксар расонаҳо мушак болои боми як бинои истиқоматӣ, ки дар наздикии фурудгоҳ қарор дошт, афтодааст.
https://sputnik.tj/20210829/kobul-tarkish-mudhish-1041955373.html
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041924138_34:0:1234:900_1920x0_80_0_0_7592ab70c6d1777c7b666ff9f00cfdae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, амрико, афғонистон, осиёи марказӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, амрико, афғонистон, осиёи марказӣ
Амрико аз ҳамлаи интиҳорӣ дар фурудгоҳи Кобул пешгирӣ кард: мошини маргталабонро тарконд
Мақомдорони амрикоӣ мегӯянд, дар фурудгоҳи Кобули Афғонистон аз як ҳамлаи маргталабон пешгирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Амрико ба хотири маҳв намудани чанд маргталаб, ки қасди худро дар фурудгоҳи шаҳри Кобул тарконданро доштанд, пешгирӣ кард.
Манобеи Ассошиэйтед Пресс бо истинод ба мансабдорони амрикоӣ хабар дод, ки ИМА дар Кобул зарбаи ҳавопаймои бесарнишинро роҳандозӣ кард ва маргталабонро безарар гардонд.
Ба иттилои манбаъ, зарба ба мошине зада шудааст, ки дар он "чанд маргталаб" савор буданд ва ҳадафи пиёда намудани таркиш дар фурудгоҳи Кобулро доштанд.
Қаблан ин оҷонсӣ бо такя ба намояндаи Толибон* хабар дода буд, ки ҳадафи зарбаи Амрико дар Кобули Афғонистон як маргталабе буд, ки қасд дошт ба фурудгоҳи пойтахт ҳамла кунад.
Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо расиданд, ки бар асари ҳамлаи мушакӣ як кӯдак ҷон аз даст дод ва ҳамзамон се нафари дигар шадидан маҷрӯҳ гардиданд.
Ба навиштаи аксар расонаҳо мушак болои боми як бинои истиқоматӣ, ки дар наздикии фурудгоҳ қарор дошт, афтодааст.