https://sputnik.tj/20210828/zhambul-29-avgust-motami-milli-1041944259.html
Фоҷиа дар вилояти Жамбул: Тоқаев 29 август - мотами миллӣ эълон кард
Фоҷиа дар вилояти Жамбул: Тоқаев 29 август - мотами миллӣ эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Президент таъкид кард, ки хизматчиёни ҳарбӣ ва наҷотдиҳандагон "қаҳрамонии ҳақиқӣ ва фидокорӣ" нишон доданд
2021-08-28T16:31+0500
2021-08-28T16:31+0500
2021-08-28T18:26+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қазоқистон
мотами миллӣ
таркиш
қурбон
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041456369_0:0:3241:1824_1920x0_80_0_0_057ccb4922701c00b442e4c5f66c414e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Президенти Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар паи фоҷиа дар вилояти Жамбул рӯзи якшанберо мотами миллӣ эълон кард.Ӯ қайд кардааст, ки хизматчиёни ҳарбӣ ва наҷотдиҳандагон "қаҳрамонӣ ва фидокории ҳақиқӣ" нишон доданд ва "дар ёди мардум то абад боқӣ хоҳанд монд". Таркишҳо дар ҳудуди қисми низомии вилояти Жамбул, ки дар он лавозимоти ҷангии муҳандисӣ нигаҳдорӣ мешуд, шоми 26 август ба вуқӯъ пайваст. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин ҳаводис беш аз 12 нафар ҷон бохта, 90 тани дигар маҷрӯҳ шуданд - инҳо низомиён, додситонҳо, инчунин наҷотдиҳандагон ва оташнишононе ҳастанд, ки ба ёрии онҳо шитофтанд.Сокинони деҳаҳои наздик ба макони бехавф - Тараз кӯчонида шуданд. Ҳудуди деҳаҳо барои пешгирӣ аз дуздию ғорат муҳосира карда шудаанд. Вазорати дифои Қазоқистон сабаби ҳодисаро муайян мекунад.
https://sputnik.tj/20210827/tarkish-kobul-kushta-mulkivu-nizomii-amrikoi-tolib-1041917230.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041456369_200:0:2931:2048_1920x0_80_0_0_3c1fb80832e00b27546d95baa2761ff0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таркишҳо, мотами миллӣ, қазоқистон
таркишҳо, мотами миллӣ, қазоқистон
Фоҷиа дар вилояти Жамбул: Тоқаев 29 август - мотами миллӣ эълон кард
16:31 28.08.2021 (Навсозишуда: 18:26 28.08.2021) Дар паи таркишҳо беш аз 12 тан ҷон бохту зиёда аз 90 нафар маҷрӯҳ гардид
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Президенти Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар паи фоҷиа дар вилояти Жамбул рӯзи якшанберо мотами миллӣ эълон кард.
"Дар робита ба ҳодисаи фоҷиабор дар ноҳияи Байзаки вилояти Жамбул, ки боиси марги одамон шуд, 29 августро Рӯзи мотами миллӣ эълон мекунам", - навиштааст Тоқаев дар шабакаи иҷтимоӣ.
Ӯ қайд кардааст, ки хизматчиёни ҳарбӣ ва наҷотдиҳандагон "қаҳрамонӣ ва фидокории ҳақиқӣ" нишон доданд ва "дар ёди мардум то абад боқӣ хоҳанд монд".
Таркишҳо дар ҳудуди қисми низомии вилояти Жамбул, ки дар он лавозимоти ҷангии муҳандисӣ нигаҳдорӣ мешуд, шоми 26 август ба вуқӯъ пайваст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин ҳаводис беш аз 12 нафар ҷон бохта, 90 тани дигар маҷрӯҳ шуданд - инҳо низомиён, додситонҳо, инчунин наҷотдиҳандагон ва оташнишононе ҳастанд, ки ба ёрии онҳо шитофтанд.
Сокинони деҳаҳои наздик ба макони бехавф - Тараз кӯчонида шуданд. Ҳудуди деҳаҳо барои пешгирӣ аз дуздию ғорат муҳосира карда шудаанд.
Вазорати дифои Қазоқистон сабаби ҳодисаро муайян мекунад.