https://sputnik.tj/20210828/sughd-salafiya-diish-tolibon-payvastand-omor-maqomot-1041940466.html
Чанд нафар дар Суғд ба "Салафия", "ДИИШ" ва гурӯҳи Толибон * пайвастанд: омори мақомот
Чанд нафар дар Суғд ба "Салафия", "ДИИШ" ва гурӯҳи Толибон * пайвастанд: омори мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд давоми як солу шаш моҳи охир 502 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистипарванддошта ошкор ба қайд гирифта шудааст. Ин омор парвандаи 8 нафарро, ки ба доми гурӯҳи Толибон* дарафтодаанд, фаро мегирад
2021-08-28T12:30+0500
2021-08-28T12:30+0500
2021-08-28T18:01+0500
дар тоҷикистон
суғд
пайвастан
дииш
терроризм
салафия
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041680959_0:182:2667:1682_1920x0_80_0_0_6c7feaac754126d15742a28f52f65494.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инчунин гуфта шуд, ки дар ин давра 67 парвандаи ҷиноятӣ нисбати сокинони дар кофтуков қарордоштаи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Б. Ғафуров, Исфара, Мастчоҳ, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Истаравшан, Спитамен ва ноҳияи Айнӣ бар асоси татбиқи эъзоҳ ва санади авф қатъ карда шудааст.Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд гуфт, ҳарчанд омори содиршавии ҷиноятҳо дар муқоиса ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст, вале барои сари вақт ошкор намудани чунин қабил ҷиноятҳо аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои ҷустуҷӯи идома дорад.Иброҳим Саидзода, сардори шуъбаи муқовимат бо терроризму экстремизм ва назорати иҷрои қонунгузориҳо оид ба амнияти миллӣ дар прокуратураи Суғд гуфт, дар давраи ҳисоботӣ 316 адад чунин ҷиноятҳо нисбати 434 нафар оғоз карда шуда, то ин замон 69 адади он нисбати 135 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст. Гуфта шудааст, ки шахсони гунаҳгор маҳкум ба зиндон шудаанд.Бино ба иттилоъи ин масъули прокуратураи Суғд, шумори айбдоршавандагон аз ҳама бештар дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 101 нафар, Исфара 69, Бобоҷон Ғафуров 56, Панҷакент 33, Ашт 33 ва шаҳри Хуҷанд 27 нафар буда, дар умум 434 нафаранд.* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20200803/Az-Barodaroni-musalmon-to-NIT-bozdoshti-274-terrorist-dar-Toikiston-dar-shash-mo---1031673593.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041680959_0:0:2667:2000_1920x0_80_0_0_153541cbdd70abb6933ef3a3214a381a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, толибон, салафия, дииш, пайвастан, террорист, парванда, суғд, мақомот
тоҷикистон, толибон, салафия, дииш, пайвастан, террорист, парванда, суғд, мақомот
Чанд нафар дар Суғд ба "Салафия", "ДИИШ" ва гурӯҳи Толибон * пайвастанд: омори мақомот
12:30 28.08.2021 (Навсозишуда: 18:01 28.08.2021) Дар вилояти Суғд давоми як солу шаш моҳи охир 502 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Ин омор инчунин парвандаи 8 нафарро, ки ба доми гурӯҳи Толибон* дарафтодаанд, фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инчунин гуфта шуд, ки дар ин давра 67 парвандаи ҷиноятӣ нисбати сокинони дар кофтуков қарордоштаи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Б. Ғафуров, Исфара, Мастчоҳ, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Истаравшан, Спитамен ва ноҳияи Айнӣ бар асоси татбиқи эъзоҳ ва санади авф қатъ карда шудааст.
Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд гуфт, ҳарчанд омори содиршавии ҷиноятҳо дар муқоиса ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст, вале барои сари вақт ошкор намудани чунин қабил ҷиноятҳо аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои ҷустуҷӯи идома дорад.
“Гурӯҳҳои террористӣ барои анҷоми амалҳои ваҳшиёнаи хеш ба мазҳабу дин такя мекунанд, вале куштору ғоратгарӣ, хунрезӣ, одамрабоӣ ва хатарэҷодкунӣ нисбати аҳолии осоишта бо арзишҳои динӣ бахусус дини мубини Ислом алоқамандӣ надорад”, - иброз намуд Хоҷазода.
Иброҳим Саидзода, сардори шуъбаи муқовимат бо терроризму экстремизм ва назорати иҷрои қонунгузориҳо оид ба амнияти миллӣ дар прокуратураи Суғд гуфт, дар давраи ҳисоботӣ 316 адад чунин ҷиноятҳо нисбати 434 нафар оғоз карда шуда, то ин замон 69 адади он нисбати 135 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст.
Гуфта шудааст, ки шахсони гунаҳгор маҳкум ба зиндон шудаанд.
“Вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва иттиҳодияҳои ҷиноятии “ДИИШ” 153 нафар, “Бародарони мусулмон” 48 нафар, “Ҳизби исломии Туркистон” 34 нафар, “Салафия” 71 нафар, “Ҳизбуттаҳрир” 21 нафар, “Ҳизби наҳзати исломӣ” 19 нафар, “Гурӯҳи 24” 30 нафар, “Толибон” 8 нафар, “Ансоруллоҳ” 9 нафар, “Ал қоида” 4 нафар ва дигар гурӯҳҳо мебошанд” - гуфт Саидзода.
Бино ба иттилоъи ин масъули прокуратураи Суғд, шумори айбдоршавандагон аз ҳама бештар дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 101 нафар, Исфара 69, Бобоҷон Ғафуров 56, Панҷакент 33, Ашт 33 ва шаҳри Хуҷанд 27 нафар буда, дар умум 434 нафаранд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.