Бебориш: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки идут по улице в защитных масках
Девушки идут по улице в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Обуна шудан
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар аст Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то +16 ва рӯзона то +30 дараҷа гарм мешавад. Аммо дар шарқи вилоят ҳаво шабона то +7 ва рӯзона то +17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабру, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ин минтақа боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то +22 ва рӯзона то +37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона то +11 дараҷа гарм ва рӯзона то +25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то +22 ва рӯзона то +39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона то +19 ва рӯзона то 33 дараҷа гарм мешавад.
Женщина в медицинской маске на Трубной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Дар ҳамин ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то+18 дараҷа ва рӯзона то +38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона то +14 ва рӯзона то+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво шабона то +16 ва рӯзона то +37 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0