https://sputnik.tj/20210827/ruzi-27-avgust-dar-tarih-1041913915.html
Зодрӯзи Марат Орифов: рӯзи 27 август дар таърих
Зодрӯзи Марат Орифов: рӯзи 27 август дар таърих
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи бисту ҳафтуми август дар Русия – Рӯзи кино ва дар Молдова – Рӯзи истиқлолият таҷлил карда мешавад
2021-08-27T06:00+0500
2021-08-27T06:00+0500
2021-08-27T06:00+0500
дар тоҷикистон
ҷашн
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/19/1031790676_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_cfc3dac50163bce114ed289d60a16df4.jpg
Рӯзи 27 август дар ҷаҳон чӣ рух додСоли 1911 дар Русия клуби футболи ССКА ташкил гардид.Соли 1935 дар иёлати Техас зимни раъйпурсӣ бештари аҳолӣ барои аз байн бурдани қонуни зидди машрубот овоз доданд.Соли 1946 дар аввалин конгресси ҷаҳонии донишҷӯён дар Прага Иттифоқи байналмилалии донишҷӯён таъсис дода шуд.Соли 1955 аввалин ҷилди китоби "Рекордҳои Гиннес" аз чоп баромад.Рӯзи 27 август дар Тоҷикистон чӣ рух додСоли 2002 миёни Ожонсии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии Русия созишнома дар бораи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба имзо расид.Соли 2008 дар шаҳри Душанбе пас аз натиҷаҳои гуфтушунид миёни намояндагони Тоҷикистону Чин дар ҳайати васеъ 13 санад ба имзо расонида шуд.Соли 2008 дар қароргоҳи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ӯзбекистон Ислом Каримов мулоқот кард, ки зимни он масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва робитаҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.Соли 2010 Президент Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Айнӣ телефонӣ суҳбат карда, ҳисоботи онҳоро шунид. Сарвари давлат оид ба вазъи баамаломадаи ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ хисороти ҷиддӣ дидааст, супориш дод, ки ҳарчи зудтар ба мардуми осебдида кумаки зарурӣ ва саривақтӣ расонанд.Соли 2010 дар шаҳри Маскав собиқ вакили Маҷлиси вилояти Суғд, раҳбари собиқи корхонаи кимиёвии Исфара - Низомхон Ҷӯраев, ки аз соли 2007 дар ҷустуҷӯйи пулиси байналхалқӣ қарор дошт, боздошт шуд.Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон беш аз 220 нафар роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ходимони давлатӣ, кормандони соҳаҳои илму маориф ва як зумра соҳибкорони хусусиро бо мукофоти олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз намуданд.Соли 2013 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ ба кор дароварда шуд.Соли 2013 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳамгироии минтақавии кишварҳои аъзои он баррасӣ гардиданд.Соли 2014 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили дуҷониба доир гардид.Соли 2018 дар шаҳри Душанбе миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.Ҷашнҳои рӯзи 27 августРӯзи 27 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадаастВладимир Буданов (1933) – доктори илми химия, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.Қосимшо Искандаров (1953) – доктори илми таърих.Моҳира Қарахонова (1957)- шоира.Элеонора Қосимова (1945)- нависандаи русзабон.Иброҳимҷон Норматов (1906 – 1975) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон.Марат Орифов (1935) – актёр ва коргардони кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.Қурбон Раҳимов (1904-1954)- арбоби давлатӣ.Фёдор Столешников (1909 – 1983) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.Фарҳоди Карим (1945)- нависанда.Шаҳобиддини Шуҷоъ (1961)- шоир.
https://sputnik.tj/20210826/ruzi-26-avgust-dar-tarih-1041885040.html
https://sputnik.tj/20210825/ruzi-25-avgust-dar-tarih-1041858849.html
https://sputnik.tj/20210824/ruz-24-avgust-tarih-1041771071.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/19/1031790676_454:0:3185:2048_1920x0_80_0_0_727057512d083209ccd1df3bba17c9bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷашн, тоҷикистон, таърих
Зодрӯзи Марат Орифов: рӯзи 27 август дар таърих
Рӯзи бисту ҳафтуми август дар Русия – Рӯзи кино ва дар Молдова – Рӯзи истиқлолият таҷлил карда мешавад
Рӯзи 27 август дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1911 дар Русия клуби футболи ССКА ташкил гардид.
Соли 1935 дар иёлати Техас зимни раъйпурсӣ бештари аҳолӣ барои аз байн бурдани қонуни зидди машрубот овоз доданд.
Соли 1946 дар аввалин конгресси ҷаҳонии донишҷӯён дар Прага Иттифоқи байналмилалии донишҷӯён таъсис дода шуд.
Соли 1955 аввалин ҷилди китоби "Рекордҳои Гиннес" аз чоп баромад.
Рӯзи 27 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2002 миёни Ожонсии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии Русия созишнома дар бораи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба имзо расид.
Соли 2008 дар шаҳри Душанбе пас аз натиҷаҳои гуфтушунид миёни намояндагони Тоҷикистону Чин дар ҳайати васеъ 13 санад ба имзо расонида шуд.
Соли 2008 дар қароргоҳи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ӯзбекистон Ислом Каримов мулоқот кард, ки зимни он масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва робитаҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.
Соли 2010 Президент Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Айнӣ телефонӣ суҳбат карда, ҳисоботи онҳоро шунид.
Сарвари давлат оид ба вазъи баамаломадаи ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ хисороти ҷиддӣ дидааст, супориш дод, ки ҳарчи зудтар ба мардуми осебдида кумаки зарурӣ ва саривақтӣ расонанд.
Соли 2010 дар шаҳри Маскав собиқ вакили Маҷлиси вилояти Суғд, раҳбари собиқи корхонаи кимиёвии Исфара - Низомхон Ҷӯраев, ки аз соли 2007 дар ҷустуҷӯйи пулиси байналхалқӣ қарор дошт, боздошт шуд.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон беш аз 220 нафар роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ходимони давлатӣ, кормандони соҳаҳои илму маориф ва як зумра соҳибкорони хусусиро бо мукофоти олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз намуданд.
Соли 2013 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ ба кор дароварда шуд.
Соли 2013 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳамгироии минтақавии кишварҳои аъзои он баррасӣ гардиданд.
Соли 2014 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили дуҷониба доир гардид.
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Дар Молдова – Рӯзи истиқлолият.
Рӯзи 27 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Владимир Буданов (1933) – доктори илми химия, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
Қосимшо Искандаров (1953) – доктори илми таърих.
Моҳира Қарахонова (1957)- шоира.
Элеонора Қосимова (1945)- нависандаи русзабон.
Иброҳимҷон Норматов (1906 – 1975) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Марат Орифов (1935) – актёр ва коргардони кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Қурбон Раҳимов (1904-1954)- арбоби давлатӣ.
Фёдор Столешников (1909 – 1983) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Фарҳоди Карим (1945)- нависанда.
Шаҳобиддини Шуҷоъ (1961)- шоир.