https://sputnik.tj/20210827/nopadid-shudani-bujai-afghoniston-1041931235.html
Нопадид шудани 80 дарсади буҷаи Афғонистон дар як шаб
Нопадид шудани 80 дарсади буҷаи Афғонистон дар як шаб
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи Толибон* пас аз ба даст гирифтани қудрат барои идора кардани Афғонистон танҳо 1,6 миллиард доллар буҷа доранд
2021-08-27T18:00+0500
2021-08-27T18:00+0500
2021-09-16T10:51+0500
иқтисод
афғонистон
толибон
буҷа
осиёи марказӣ
нопадид
пул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032722902_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_aca80e374e76eb76550c2cae903fb56c.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар ҳоле ки бонкҳо ва ниҳодҳои байнулмилалӣ кумакҳои молиявиро ба Афғонистон қатъ карданд, гурӯҳи Толибон*дар ихтиёри худ барои идора кардани кишвар ҳамагӣ 1,6 миллиард доллар доранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Дар ду даҳсолаи охир қариб 80 дарсади буҷаи Афғонистон аз ҳисоби Амрико ва созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешуд ва ҳоло ин маблағҳо масдуд шудааст.Ҳафтаи гузашта Сандуқи Байналмилалии Пул эълом дошт, ки дастрасии Афғонистон ба манобеи молӣ, аз ҷумла 370 миллион долларе, ки қарор буд, то охири моҳи равон ба ҳукумати Афғонистон дода мешуд, қатъ карда шудааст.Мақомоти Амрико ҳам эълон кард, ки дороиҳои дороиҳои Бонки марказии Афғонистон дар Амрико барои Толибон* дастрас нахоҳад буд. Тибқи иттилои расонаҳо ва мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистон, тақрибан 9,5 миллиард доллар дороиҳои Бонки марказии Афғонистон дар бонкҳои ИМА баста шудаанд.Олмон ҳам, ки яке аз бузургтарин ҳомиёни молии Афғонистон буд, имсол 500 миллион доллар кумакҳояшро ба ин кишвар лағв кард. Иттиҳодияи Аврупо, ки гуфтааст дар чор соли оянда ба Афғонистон 1,4 миллиард доллар кумак хоҳад кард, ин барномаро мутаваққиф кардааст.Бекор кардани ин хайрияҳо кори Толибон*-ро душвортар хоҳад кард ва ба зиндагии шаҳрвандони Афғонистон бевосита таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Тибқи иттилои Кумитаи имдоди байналмилалӣ, тақрибан 18,4 миллион афғонистонӣ ба кумаки башардӯстона ниёз доранд.* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20210827/eron-hamsoyagoni-afghonistono-tehron-davat-1041929634.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032722902_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_5fdbf23509bf70501eeaca05a615a1be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, қудрат, идора, буҷа, нопадид, пул
афғонистон, толибон, қудрат, идора, буҷа, нопадид, пул
Нопадид шудани 80 дарсади буҷаи Афғонистон дар як шаб
18:00 27.08.2021 (Навсозишуда: 10:51 16.09.2021) Гурӯҳи Толибон* пас аз ба даст гирифтани қудрат барои идора кардани Афғонистон танҳо 1,6 миллиард доллар буҷа доранд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар ҳоле ки бонкҳо ва ниҳодҳои байнулмилалӣ кумакҳои молиявиро ба Афғонистон қатъ карданд, гурӯҳи Толибон*дар ихтиёри худ барои идора кардани кишвар ҳамагӣ 1,6 миллиард доллар доранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ду даҳсолаи охир қариб 80 дарсади буҷаи Афғонистон аз ҳисоби Амрико ва созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешуд ва ҳоло ин маблағҳо масдуд шудааст.
Ҳафтаи гузашта Сандуқи Байналмилалии Пул эълом дошт, ки дастрасии Афғонистон ба манобеи молӣ, аз ҷумла 370 миллион долларе, ки қарор буд, то охири моҳи равон ба ҳукумати Афғонистон дода мешуд, қатъ карда шудааст.
Мақомоти Амрико ҳам эълон кард, ки дороиҳои дороиҳои Бонки марказии Афғонистон дар Амрико барои Толибон* дастрас нахоҳад буд. Тибқи иттилои расонаҳо ва мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистон, тақрибан 9,5 миллиард доллар дороиҳои Бонки марказии Афғонистон дар бонкҳои ИМА баста шудаанд.
Олмон ҳам, ки яке аз бузургтарин ҳомиёни молии Афғонистон буд, имсол 500 миллион доллар кумакҳояшро ба ин кишвар лағв кард. Иттиҳодияи Аврупо, ки гуфтааст дар чор соли оянда ба Афғонистон 1,4 миллиард доллар кумак хоҳад кард, ин барномаро мутаваққиф кардааст.
Бекор кардани ин хайрияҳо кори Толибон*-ро душвортар хоҳад кард ва ба зиндагии шаҳрвандони Афғонистон бевосита таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
Тибқи иттилои Кумитаи имдоди байналмилалӣ, тақрибан 18,4 миллион афғонистонӣ ба кумаки башардӯстона ниёз доранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон