Эрдуғон: Толибон* мехоҳанд, идораи фурудгоҳи Кобулро ба Туркия диҳанд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Обуна шудан
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, мегӯяд, Толибон* аз кишвараш хостаанд, ки идораи фурудгоҳи Кобулро ба дӯш гирад
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Раисиҷумҳури Туркия мегӯяд, феълан бо Толибон* музокирот идома доранд. Ба гуфтаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳаракати Толибон* аз кишвараш хостааст, масъули идораи фурудгоҳи Кобул бошад.
"Онҳо гуфтанд, ки амниятро худашон таъмин мекунанд, аммо мехоҳанд, ки идораи фурудгоҳро мо анҷом диҳем. Аммо феълан мо дар ин масъала тасмим нагирифтаем. Авлавияти мо дар ҳоли ҳозир берун овардани шаҳрвандон ва низомиёнамон аз ин кишвар аст", - иттилоъ дод РИА Новости аз қавли Эрдуғон.
Ӯ афзудаст, бояд тасвири комили вазъро дид ва зикр намудааст, ки феълан Афғонистон роҳбарият надорад.
Қаблан Эрдуғон зимни як суҳбати телевизионӣ изҳор дошт, ки вақте Толибон* назорати кишварро ба даст гирифтанд, тасвири воқеиятҳо дигар шуд.
Ба иттилои сомонаи Тулӯъ, Эрдуғон таъкид намуда будаст, ки нақшаҳои худро мувофиқ ба воқеиятҳои ҷадид бознигарӣ мекунанду музокиротро бо назардошти вазъи феълӣ идома хоҳанд дод. Туркия бо тамоми ҷонибҳо дар Афғонистон тамосҳоро давом медиҳад, таъкид намуда буд Эрдуғон.
Сотрудники Kam Air у самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Фирор аз Афғонистон: ширкати ҳавоии “Кам Эйр” ҳавопаймоҳояшро ба Эрон мебарад
"Барои оромии мардуми Афғонистон, некӯаҳволии қавмҳои турки мо, ки дар он кишвар зиндагӣ мекунанд ва барои ҳимояи манфиатҳои кишварамон, мо ба ҳама гуна ҳамкорӣ омода ҳастем", - изҳор дошт Эрдуғон. Ӯ раҳбарони Толибонро* барои музокирот ба Туркия хонда, омодагии мизбонияшро баён доштаст.
Феълан Толибон* ба истиснои вилояти Панҷшер музофотҳои боқимондаро зери назорати худ қарор додаанд. Нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер ҷамъ шуда истодаанд ва эълон медоранд, ки агар музокирот натиҷа надиҳанд, барои озодии Афғонистон мубориза хоҳанд бурд.
*-созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0