https://sputnik.tj/20210827/duzdii-ohanpora-mablagh-million-somoni-1041925853.html
Дуздии оҳанпора ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ
Дуздии оҳанпора ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Наврас ва ҷавони 23-солае дар дуздии оҳанпораҳо ба маблағи наздик ба 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад
2021-08-27T14:50+0500
2021-08-27T14:50+0500
2021-08-27T14:50+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дуздӣ
боздошт
муттаҳам
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101450/47/1014504714_0:136:3161:1914_1920x0_80_0_0_011882a35a65239b9ce1b444539cbc4e.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи қариб ним сол аз корхонаи оҳангудозӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ашёи хом дуздида шудааст. Ба иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ, мудири корхонаи “Оҳангудозии Тоҷикистон” муроҷиат карда, арз доштааст, ки аз 14-уми марти соли 2021 то 26-уми августи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз корхонаи мазкур ашёи хоми зиёд дуздидаанд. Ба гуфтаи муроҷиаткунанда, аз корхона, ки дар деҳаи Қарияи камари ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир аст, дар маҷмӯъ ҳудуди 79 ҳазор килограмм маҳсулоти ашёи хом ва 200 килограмм сими мисӣ дуздида шудаст. Дар иттилоияи нашркардаи ВУД Тоҷикистон зарари расонидашуда 1 миллиону 699 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст. Манбаъ афзуд, ки маъмурини милиса дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 23 ва ноболиғи 17-сола, сокинони ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир кардаанд. ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Назари худи муттаҳамон дар бораи ин қазия маълум нест.
https://sputnik.tj/20210714/duzd-shirkt-aluminii-tojik-1040884087.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101450/47/1014504714_215:0:2946:2048_1920x0_80_0_0_dd0ffe347f7020b09e13486374eed162.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дуздӣ, корхона, ноболиғ
Дуздии оҳанпора ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ
Наврас ва ҷавони 23-солае дар дуздии оҳанпораҳо ба маблағи наздик ба 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи қариб ним сол аз корхонаи оҳангудозӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ашёи хом дуздида шудааст.
Ба иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ, мудири корхонаи “Оҳангудозии Тоҷикистон” муроҷиат карда, арз доштааст, ки аз 14-уми марти соли 2021 то 26-уми августи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз корхонаи мазкур ашёи хоми зиёд дуздидаанд.
Ба гуфтаи муроҷиаткунанда, аз корхона, ки дар деҳаи Қарияи камари ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир аст, дар маҷмӯъ ҳудуди 79 ҳазор килограмм маҳсулоти ашёи хом ва 200 килограмм сими мисӣ дуздида шудаст.
Дар иттилоияи нашркардаи ВУД Тоҷикистон зарари расонидашуда 1 миллиону 699 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, ки маъмурини милиса дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 23 ва ноболиғи 17-сола, сокинони ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир кардаанд.
ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Назари худи муттаҳамон дар бораи ин қазия маълум нест.