https://sputnik.tj/20210826/tolibon-habs-abdullo-karzay-rad-1041911212.html
Ихтиёран дар Кобуланд: Толибон* хабари ҳабси хонагии Абдуллоҳ ва Карзайро бепоя хонд
Ихтиёран дар Кобуланд: Толибон* хабари ҳабси хонагии Абдуллоҳ ва Карзайро бепоя хонд
Sputnik Тоҷикистон
Толибон хабарҳоро дар бораи ҳабси хонагии президенти пешини Афғонистон Карзай суханони хушку холӣ меноманд
2021-08-26T19:16+0500
2021-08-26T19:16+0500
2021-08-26T19:50+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
толибон
абдулло абдулло
ҳамид карзай
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/73/1028777361_0:29:3104:1775_1920x0_80_0_0_bd9b57623601e93063d760dd0f2f4e10.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Толибон* хабари ҳабси хонагии президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай ва раиси Шӯрои олии оштии миллӣ Абдулло Абдуллоро бепоя хонд, хабар медиҳад РИА Новости.Ба гуфти намояндаи расмии Толибон* Муҳаммад Наим, президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай ва раиси Шӯрои олии оштии миллӣ Абдулло Абдулло ихтиёран дар Кобул ҳастанд ва хабарҳо дар бораи боздошти маҷбурии онҳо ҳақиқат надорад.Пештар CNN бо такя ба як манбаъ хабар дод, ки Карзай ва Абдулло дар Кобул дар ҳабси хонагӣ қарор доранд ва Толибон* мошинҳои онҳоро мусодира кардаанд. Наим қайд кард, ки амнияти собиқ президент ва раҳбари Шӯрои миллии оштии миллӣ, инчунин ҳамаи афғонҳо дар салоҳияти "Аморати исломӣ" (созмони сиёсии худкома) аст.Сафири Русия дар бораи ҳамкорӣ бо Толибон* гуфтЁдрас мешавем, ки пештар хабар дода шуд, ки Афғонистонро шурое иборат аз 12 аъзо идора хоҳад кард ва феълан 7 номзад мувофиқа шудааст.Ба ин ҳайат президенти собиқ Ҳомид Карзай, вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар ва раҳбари Шӯрои ризоияти миллӣ Абдулло Абдулло низ шомил ҳастанд.Ҳамчунин Абдулғанӣ Бародар, Мулло Ёқуб, Халилраҳмон Ҳаққонӣ ва Гулбеддин Ҳикматёр (раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон") дар Афғонистон низ аз аъзоёни он номбар шуданд.* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210824/7-rahbar-afghoniston-malum-shud-1041851809.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/73/1028777361_209:0:2940:2048_1920x0_80_0_0_dfc4d7b724a3efe4fa0d665b447e025e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, абулло, карзай, рад
толибон, афғонистон, абулло, карзай, рад
Ихтиёран дар Кобуланд: Толибон* хабари ҳабси хонагии Абдуллоҳ ва Карзайро бепоя хонд
19:16 26.08.2021 (Навсозишуда: 19:50 26.08.2021) Толибон* хабарҳоро дар бораи ҳабси хонагии президенти пешини Афғонистон Карзай суханони хушку холӣ медонанд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Толибон* хабари ҳабси хонагии президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай ва раиси Шӯрои олии оштии миллӣ Абдулло Абдуллоро бепоя хонд, хабар медиҳад
РИА Новости.
Ба гуфти намояндаи расмии Толибон* Муҳаммад Наим, президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай ва раиси Шӯрои олии оштии миллӣ Абдулло Абдулло ихтиёран дар Кобул ҳастанд ва хабарҳо дар бораи боздошти маҷбурии онҳо ҳақиқат надорад.
Пештар CNN бо такя ба як манбаъ хабар дод, ки Карзай ва Абдулло дар Кобул дар ҳабси хонагӣ қарор доранд ва Толибон* мошинҳои онҳоро мусодира кардаанд.
"Ин паёмҳо дуруст нестанд. Ман намедонам, ки онҳо чиро дар назар доранд. Далели ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо калимаҳои хушку холист", - гуфт Наим.
Наим қайд кард, ки амнияти собиқ президент ва раҳбари Шӯрои миллии оштии миллӣ, инчунин ҳамаи афғонҳо дар салоҳияти "Аморати исломӣ" (созмони сиёсии худкома) аст.
Ёдрас мешавем, ки пештар хабар дода шуд, ки Афғонистонро шурое иборат аз 12 аъзо идора хоҳад кард ва феълан 7 номзад мувофиқа шудааст.
Ба ин ҳайат президенти собиқ Ҳомид Карзай, вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар ва раҳбари Шӯрои ризоияти миллӣ Абдулло Абдулло низ шомил ҳастанд.
Ҳамчунин Абдулғанӣ Бародар, Мулло Ёқуб, Халилраҳмон Ҳаққонӣ ва Гулбеддин Ҳикматёр (раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон") дар Афғонистон низ аз аъзоёни он номбар шуданд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.