https://sputnik.tj/20210826/safir-rusiya-hamkori-tolibon-1041910425.html
Сафири Русия дар бораи ҳамкорӣ бо Толибон* гуфт
Сафири Русия дар бораи ҳамкорӣ бо Толибон* гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия гуфт, Толибон* дар раванди интицол додани русҳо аз Афғонистон ҳамкории хуб нишон доданд
2021-08-26T18:15+0500
2021-08-26T18:15+0500
2021-08-26T18:36+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
сафир
интиқол
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041910596_0:71:1350:830_1920x0_80_0_0_88573b25f2ad2a618b26b74f931ae535.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов гуфт, ки Толибон* дар ташкили интиқоли шаҳрвандони Русия аз Афғонистон "ҳамкории хеле хуб" нишон доданд. Вай инчунин илова кард, ки дар фурудгоҳи Кобул то ҳол "бетартибӣ" аст: "амрикоиҳо воқеан дар он ҷо амниятро карда наметавонанд, тақрибан 50 нафари ғайринизомӣ аллакай фавтидаанд", - таъкид кард сафир. Вай қайд кард, ки аз ин рӯ Русия ба интиқолдиҳии шаҳрвандон шурӯъ кард. "Сафорати моро ба як навъ терминали гумрукӣ ва назорати шиноснома табдил доданд, мо шаҳрвандони Русияро дар ин ҷо ҷамъ кардем", - афзуд сафир. Ёдрас мешавем, ки Толибон* дар даҳаи аввали моҳи август ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум карданд.Онҳо рӯзи 15 август вориди пойтахт шуда, кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд ва 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расид ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик муайян хоҳад шуд.Ягона вилояте, ки аз назорати онҳо берун аст, Панҷшер дар шимолу шарқи Кобул боқӣ мондааст, ки аз ҷиҳати масоҳат ва аҳолӣ яке аз хурдтарин минтақаҳои кишвар аст.Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, ки "барои пешгирии қатли ом" кишварро тарк кардааст.“Ҳамла намекунем”: мулоқоти аввали Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон*Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?Ҳама гузаргоҳҳои сарҳадии Афғонистон таҳти назорати Толибон* мебошанд. Интиқоли кормандони хориҷӣ ва афғонҳое, ки барои намояндагиҳои хориҷӣ кор мекунанд, тавассути ягона фурудгоҳи Кобул, ки дар ихтиёри артиши ИМА ва дигар кишварҳои НАТО қарор дорад, сурат мегирад.* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210826/sarbozoni-muqowimati-afgoniston-aks-1041900182.html
https://sputnik.tj/20210826/osiyoi-markazi-rusiya-charhbol-siloh-harand-1041899636.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041910596_75:0:1275:900_1920x0_80_0_0_13123da24d3c4f74dd54b06ddca13370.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафир, русия., афғонистон, толибон
сафир, русия., афғонистон, толибон
Сафири Русия дар бораи ҳамкорӣ бо Толибон* гуфт
18:15 26.08.2021 (Навсозишуда: 18:36 26.08.2021) Сафири Русия гуфт, Толибон* дар раванди интицол додани русҳо аз Афғонистон ҳамкории хуб нишон доданд
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов гуфт, ки Толибон* дар ташкили интиқоли шаҳрвандони Русия аз Афғонистон "ҳамкории хеле хуб" нишон доданд.
"Ҳама масъалаҳоро ҳал карда истодаем, ҳамкории хеле хуб бо Толибон* дар ташкили хориҷ кардани шаҳрвандони Русия сурат гирифт", - гуфт ӯ дар эфир дар шабакаи телевизионии "Россия 24".
Вай инчунин илова кард, ки дар фурудгоҳи Кобул то ҳол "бетартибӣ" аст: "амрикоиҳо воқеан дар он ҷо амниятро карда наметавонанд, тақрибан 50 нафари ғайринизомӣ аллакай фавтидаанд", - таъкид кард сафир.
Вай қайд кард, ки аз ин рӯ Русия ба интиқолдиҳии шаҳрвандон шурӯъ кард.
"Сафорати моро ба як навъ терминали гумрукӣ ва назорати шиноснома табдил доданд, мо шаҳрвандони Русияро дар ин ҷо ҷамъ кардем", - афзуд сафир.
Ёдрас мешавем, ки Толибон* дар даҳаи аввали моҳи август ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум карданд.
Онҳо рӯзи 15 август вориди пойтахт шуда, кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд ва 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расид ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик муайян хоҳад шуд.
Ягона вилояте, ки аз назорати онҳо берун аст, Панҷшер дар шимолу шарқи Кобул боқӣ мондааст, ки аз ҷиҳати масоҳат ва аҳолӣ яке аз хурдтарин минтақаҳои кишвар аст.
Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, ки "барои пешгирии қатли ом" кишварро тарк кардааст.
Ҳама гузаргоҳҳои сарҳадии Афғонистон таҳти назорати Толибон* мебошанд. Интиқоли кормандони хориҷӣ ва афғонҳое, ки барои намояндагиҳои хориҷӣ кор мекунанд, тавассути ягона фурудгоҳи Кобул, ки дар ихтиёри артиши ИМА ва дигар кишварҳои НАТО қарор дорад, сурат мегирад.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.