https://sputnik.tj/20210826/qirghiziston-soli-honish-15-sentyabr-oghoz-1041903609.html
Дар Қирғизистон соли хониш аз 15 сентябр оғоз мешавад - сабаб
Дар Қирғизистон соли хониш аз 15 сентябр оғоз мешавад - сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Соли хониш ҳоло аз 15 сентябр оғоз шуда, 8 июн ба охир мерасад. Ин на танҳо ба мактабҳо, балки ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳо низ дахл дорад.
2021-08-26T15:25+0500
2021-08-26T15:25+0500
2021-08-26T15:25+0500
қирғизистон
маориф
таҳсил
соли хониш
таҳсилот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102239/04/1022390496_0:190:2969:1860_1920x0_80_0_0_2121a49b63d6873817dfa950b26c34c6.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Дар Қирғизистон аз ин ва баъд соли хониш аз 15 сентябр оғоз мешавад. Дар ин бора ба Sputnik Қирғизистон роҳбари хадамоти матбуоти Девони Вазирон Эркин Сазиков хабар додааст. Ба гуфти ӯ, оғози соли хониш на танҳо дар соли 2021, балки дар соли оянда низ аз 15 сентябр оғоз хоҳад шуд. Чунин тасмим на танҳо аз сабаби вазъи COVID-19, балки аз сабаби давомнокии мавсими сайёҳӣ гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки пешниҳоди вакилон низ ба инобат гирифта шудааст. Қаблан вакилони парлумон гуфта буданд, ки волидайн барои анҷом додани корҳои саҳроӣ, ҷамъоварӣ ва фурӯши зироат барои омода кардани кудак вақт надоранд. Вай инчунин афзуд, ки Девони вазирон таҷрибаи як қатор кишварҳои хориҷиро ба назар гирифтааст, ки дар онҳо соли хониш пас аз 11 сентябр оғоз мешавад. Ба таъхир андохтани оғози соли таҳсил на танҳо ба мактабҳо, балки ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳо низ дахл дорад. Ҳамин тариқ, соли хониш аз 15 сентябр оғоз шуда, 8 июн ба охир мерасад.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102239/04/1022390496_118:0:2849:2048_1920x0_80_0_0_476c07208ac6e7db6377b7d86e73c91f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, соли хониш, оғоз, маориф
қирғизистон, соли хониш, оғоз, маориф
Дар Қирғизистон соли хониш аз 15 сентябр оғоз мешавад - сабаб
Дар Қирғизистон соли хониш аз 15 сентябр оғоз шуда, 8 июн ба охир мерасад. Ин на танҳо ба мактабҳо, балки ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳо низ дахл дорад
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Дар Қирғизистон аз ин ва баъд соли хониш аз 15 сентябр оғоз мешавад. Дар ин бора ба
Sputnik Қирғизистон роҳбари хадамоти матбуоти Девони Вазирон Эркин Сазиков хабар додааст.
Ба гуфти ӯ, оғози соли хониш на танҳо дар соли 2021, балки дар соли оянда низ аз 15 сентябр оғоз хоҳад шуд. Чунин тасмим на танҳо аз сабаби вазъи COVID-19, балки аз сабаби давомнокии мавсими сайёҳӣ гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ки пешниҳоди вакилон низ ба инобат гирифта шудааст. Қаблан вакилони парлумон гуфта буданд, ки волидайн барои анҷом додани корҳои саҳроӣ, ҷамъоварӣ ва фурӯши зироат барои омода кардани кудак вақт надоранд.
"Дар давоми се ё чор сол чунин хоҳад буд, шояд дар оянда ин тасими бознигарӣ шавад", - гуфт Сазиков.
Вай инчунин афзуд, ки Девони вазирон таҷрибаи як қатор кишварҳои хориҷиро ба назар гирифтааст, ки дар онҳо соли хониш пас аз 11 сентябр оғоз мешавад.
Ба таъхир андохтани оғози соли таҳсил на танҳо ба мактабҳо, балки ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳо низ дахл дорад.
Ҳамин тариқ, соли хониш аз 15 сентябр оғоз шуда, 8 июн ба охир мерасад.