https://sputnik.tj/20210826/jangal-mast-kord-vkd-1041899933.html
Ҷангал рафту маст шуду корд кашид - шарҳи ВКД
Ҷангал рафту маст шуду корд кашид - шарҳи ВКД
Sputnik Тоҷикистон
Ҳодиса дар ҷангали деҳаи Пунуки ноҳияи Ашт рух дода, гумонбар дастгир шудааст 26.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-26T13:36+0500
2021-08-26T13:36+0500
2021-08-26T13:36+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошт
корд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102466/02/1024660285_0:1:1200:676_1920x0_80_0_0_209c39ca2fba11d5efa9f9284edb52f9.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз қасдан расонидани зарари вазнин, ки дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад.Бино бар иттилои манбаъ, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.Гуфта мешавад, ҳодиса шаби 24 август дар дар ҳудуди хоҷагии ҷангали ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт рух додааст."Гумонбаршаванда, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо марди 40-солаи сокини шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи чапи шиками охирон задааст", - менависад ВКД.Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷинояти бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210824/kordkashi-bozdoshti-javon-dushanbe-1041848221.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102466/02/1024660285_150:0:1051:676_1920x0_80_0_0_f7ca2f2072180a98a11098b9105b5e80.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, боздошт, корд
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, боздошт, корд
Ҷангал рафту маст шуду корд кашид - шарҳи ВКД
Ҳодиса дар ҷангали деҳаи Пунуки ноҳияи Ашт рух дода, гумонбар дастгир шудааст
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз қасдан расонидани зарари вазнин, ки дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ҳодиса шаби 24 август дар дар ҳудуди хоҷагии ҷангали ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт рух додааст.
"Гумонбаршаванда, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо марди 40-солаи сокини шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи чапи шиками охирон задааст", - менависад ВКД.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷинояти бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.