Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Дар озмоишгоҳҳои Суғд, барои додани маълумотномаи тиббӣ QR код насб мекунанд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкУжесточение карантинного режима
Ужесточение карантинного режима  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Обуна шудан
Масъулони Идораи санитарию эпидемиологии вилояти Суғд мегӯянд, насби таҷҳизоти барномаи электронии маълумотномаи тиббӣ дар назди озмоишгоҳи коронавирус ҷараён дорад ва то оғози моҳи сентябр фаъол хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Дар озмоишгоҳҳои вилояти Суғд таҷҳизоти барномаи электронии маълумотномаи тиббӣ - QR код насб мешавад.
Мақомоти Русия қаблан эълон карда буд, ки сар аз якуми сентябр шаҳрвандоне, ки ба ин кишвар сафар мекунанд, маълумотномаи тиббии худро дар хусуси бемории коронавирус бояд электронӣ сабт намоянд.
Мансурҷон Пулотов, муовини сардори Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд гуфт, ҳоло мутахасисон барои насб намудани барномаи электронӣ корбарӣ доранд.
“Кор дар ин самт ҷараён дорад, барои насби барнома аз тарафи вазорати тандурустӣ барномасозон вобаста шудаанд. То ин замон чунин барнома дар озмоишгоҳҳои воқеъ дар ноҳияҳои тобеъи марказ ва вилояти Хатлон насб карда шудааст. Аз якуми сентябр озмоишгоҳҳои Суғд ҳам маълумотномаи тиббиро электронӣ, ё тибқи QR код ба сокинон пешниҳод карда метавонанд” - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Ин масъули Идораи беҳдоштии Суғд таъкид намуд, ки дар сурати фаъол шудани барнома сокинон, хоса муҳоҷирон бо насб намудани замимаи "Саёҳат бидуни COVID-19" ("Путешествую без COVID-19") ба телефонҳои худ маълумотнома оид ба ташхиси коронавирусро сабт намуда дар ҳар кишвари дунё пешниҳод карда метавонанд.
Строители, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Шарти вуруди муҳоҷирон ба Русия осону ваксингирӣ алайҳи коронавирус ҳатмӣ мешавад
QR код - рамзи электронии хулосаи тиббӣ дар бораи надоштани коронавирус мебошад, ки соҳиби он дар вақти зарурат дар ҳар кишвари дунё аз ҷумла Русия онро пешниҳод намуда метавонад.
Маълумотномаи электронии ташхиси COVID-19 бо ду забон русӣ ва англисӣ пешниҳод карда мешавад.
Ташхиси коронавирус дар Тоҷикистон дар поёни соли 2020 ройгон буд, аммо сар аз оғози соли ҷорӣ бо дастури Қодир Расулзода, сарвазири кишвар ва сардори Ситоди муқобила бо COVID-19, барои муҳоҷирони меҳнатӣ дубора пулакӣ ва 120 сомонӣ муқаррар шуд.
Лентаи хабарҳо
0