https://sputnik.tj/20210825/smm-kudaki-afghon-yori-bashardustona-1041867553.html
СММ: 10 миллион кӯдаки афғон ба ёриҳои башардӯстона ниёз дорад
СММ: 10 миллион кӯдаки афғон ба ёриҳои башардӯстона ниёз дорад
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Милали Муттаҳид эълон доштааст, ки наздик ба 10 миллион кӯдаки афғон барои зинда мондан ба кумаки башардӯстона ниёз доранд
2021-08-25T09:00+0500
2021-08-25T09:00+0500
2021-08-25T09:00+0500
афғонистон
смм
осиёи марказӣ
кудак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041716203_0:105:3069:1831_1920x0_80_0_0_a5688362bfeaad593a574cf54ab0198b.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Ҳенриетта Фор, директори иҷроияи Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) хабар дод, ки созмон расондани ёрии башардӯстонаро ба Афғонистон, ки тақрибан 10 миллион кӯдак ба он ниёз дорад, идома хоҳад дод, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.“Уҳдадории мо ба кӯдакони Афғонистон бетағйир боқӣ мондааст ва ҳадафи мо ҳифзи ҳар як кӯдаки афғон аст. ЮНИСЕФ ҳоло ва дар вақтҳои наздик дар ҷойи худ боқӣ хоҳад монд”, - таъкид дошт ӯ.Вай илова кард, ки имрӯзҳо, тақрибан 10 миллион кӯдак дар Афғонистон барои зинда мондан ба кумаки башардӯстона ниёз дорад.Вай илова кард, ки аз рӯйи ҳисобҳо, тахминан 4,2 миллион ҷавони афғон ба мактаб намеравад, ки беш аз 2,2 миллиони онҳо духтаронанд.Ҳамзамон, аз моҳи январ намояндагони СММ беш аз 2000 ҳолати вайрон намудани ҳуқуқи кӯдаконро дар ин кишвар ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20210824/farhod-daryo-mullo-barodar-hoharoni-sangsor-1041859327.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041716203_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_55e16bcdc017e7a1e2442093e19f568b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, смм, кумак, башардӯстона, ниёз, афғон
афғонистон, смм, кумак, башардӯстона, ниёз, афғон
СММ: 10 миллион кӯдаки афғон ба ёриҳои башардӯстона ниёз дорад
Созмони Милали Муттаҳид эълон доштааст, ки наздик ба 10 миллион кӯдаки афғон барои зинда мондан ба кумаки башардӯстона ниёз доранд
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Ҳенриетта Фор, директори иҷроияи Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) хабар дод, ки созмон расондани ёрии башардӯстонаро ба Афғонистон, ки тақрибан 10 миллион кӯдак ба он ниёз дорад, идома хоҳад дод, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
“Уҳдадории мо ба кӯдакони Афғонистон бетағйир боқӣ мондааст ва ҳадафи мо ҳифзи ҳар як кӯдаки афғон аст. ЮНИСЕФ ҳоло ва дар вақтҳои наздик дар ҷойи худ боқӣ хоҳад монд”, - таъкид дошт ӯ.
Вай илова кард, ки имрӯзҳо, тақрибан 10 миллион кӯдак дар Афғонистон барои зинда мондан ба кумаки башардӯстона ниёз дорад.
“Тахминан 1 миллион кӯдак давоми соли равон бо норасоии шадиди ғизо дучор мешавад ва метавонад бидуни табобат бимирад”, - гуфт Фор.
Вай илова кард, ки аз рӯйи ҳисобҳо, тахминан 4,2 миллион ҷавони афғон ба мактаб намеравад, ки беш аз 2,2 миллиони онҳо духтаронанд.
Ҳамзамон, аз моҳи январ намояндагони СММ беш аз 2000 ҳолати вайрон намудани ҳуқуқи кӯдаконро дар ин кишвар ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд.