Рустам Назаразода генерал - полковник шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне Рустам Назарзода
Председатель Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне Рустам Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ рутбаи генерал - полковник дод
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Рустам Назарзода дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ баробари беш аз 30 нафари дигар, ки рутбаҳои гуногуни генералӣ гирифтанд, бо рутбаи генерал - полковник сарфароз шуд.
Назарзода қаблан мақомоти мубориза бо маводи мухаддир ва аз моҳи феврали соли 2016 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳуриро роҳбарӣ мекунад.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Назарзода Рустам 28 феврали соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 1980 Мактаби олии милитсияро дар шаҳри Омски Федератсияи Русия хатм намудаст.
Пресс-конференция Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Нахустин зан - генерал: Президент ба Барно Саидвализода рутбаи генералӣ дод
Ӯ то соли 1996 дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар вазифаҳои ваколатдори оперативӣ, сардори шӯъбаи Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ва муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудааст.
Аз соли 1996 то 2016 дар вазифаҳои Раиси Комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба маводи нашъаовар ва директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент адои вазифа намудааст.
Дар солҳои 1990 - 1995 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Дар ҳолномаи расмӣ таъкид шудааст, ки барои хизматҳои шоистааш бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла бо нишонҳои Ситораи Сурх, “Спитамен” дараҷаи I, медалҳои “Барои хизмати шоён” дараҷаҳои I, II, III сарфароз гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0