Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Шаъну эътибори судяро паст заданд: Раҳмон ду судяро аз вазифа сабукдӯш кард

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон бо имзои як фармон ду судяро аз вазифа барканор кард
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Дар Тоҷикистон ду судя аз вазифа озод шуданд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон омадааст, ки додрасҳо бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.
Ҳамин тавр, бо фармони президент, Абдураҳмонзода Умеда аз вазифаи судяи суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод шуд.
Ҳамчунин, Нозимзода Шодиҷон Латиф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон сабукдӯш гардид.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2020
Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои тоза кардани прокуратура ва судҳо аз “одамони тасодуфӣ”
Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканӣ, даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ задан ва содир намудани рафторе, ки шаъну шарафи корманди мақомоти прокуратура ва судиро доғдор менамоянд, мисолҳои мушаххас оварда, ба раиси Суди Олӣ ва Прокурори генералӣ дастури қатъӣ дод.
Президент дастур дод, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ ва омӯзиши фаъолияти ҳар як корманди соҳа сафи мақомоти судӣ ва прокуратураро, ки аз шохаҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд, аз шахсони тасодуфӣ тоза намоянд.
Мавриди зикр аст, ки қаблан пас аз чунин дастур аз ҷониби президент ба Хадамоти гумрук, ин ниҳод фавран аттестатсияи пурраи кормандонро гузаронида, пас аз он даҳҳо кормандашро барканор кард.
Лентаи хабарҳо
0